Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Адиби маъруф Абдумалик Баҳорӣ дар охирсухани яке аз маҷмӯаҳои аввалини қиссаву ҳикояҳои ӯ навишта буд, ки «аз ҳама муҳимаш, қаҳрамонони достону ҳикояҳои Баҳроми Фирӯз бофтаи хаёли адиб не, балки одамони зиндаю заминианд. Муаллиф аз масъалаҳои сарпеч ва мушкили ҳаёт ҳаргиз рӯ натофтааст, ӯ хуб медонад, ки сӯҳон кардани теғаҳои сартези ҳаёт дар адабиёт худфиребӣ аст. Зеро инсон хоҳ-нохоҳ, бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад ва он гаҳ нохушии андаке ба сари ҷавони ширинхаёл фоҷиаи азиме хоҳад буд. Бинобар он ҳам, адиб қаҳрамонони худро ҳамеша дар умқи зиндагӣ тасвир мекунад ва бо ҷузъиёти ҳаёт қонеъ намемонад.
Баҳром Фирӯз ба ҷодаи адабиёт бо кӯлвори вазнину таассуроти рангин қадам ниҳодааст».
Мушаххасу саҳеҳии хулосаи адибро эҷоди солҳои минбаъдинаи Баҳром Фирӯз собит сохт. Ӯ хонандаро ба тасвирҳои дилангезу ҷаззоб ва сеҳри суханаш ҳам ба воситаи ҳикояҳояш, ҳам ба туфайли қиссаҳои «Рухсора», «Тарма», «Ситораи думдор», «Ту танҳо не», «Тору пуд», «Агар вай мард мебуд» ба ишқу муҳаббати софу беолоиш, одаму одамгарӣ, накӯкориву хайрандешӣ даъват менамуд.
Бино ба таъкиди академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «арзишҳои маънавии ҷовид бунёди одамиятро ташкил менамояд. Онҳоро бодиққат омӯхтан, дар рафти дигаргуниҳои пурсуръати замони тӯфонии мо муҳимтарин падидаҳои онҳоро аз даст надода, бо худ эҳтиёткорона ба оянда бурдан ва барои фардои башарият маҳфуз доштан вазифаи бузурги гуманистӣ мебошад. Адабиёт ҳам дар ин роҳ хизмат мекунад. Аҳамияти аксарияти асарҳои Баҳром Фирӯз низ дар ҳамин аст».
Баҳром Фирӯз бо орзую умеди ояндаи неки ҳамдиёрону ҳаммилатонаш эҷод мекард, ба воситаи асарҳояш дар дили онҳо тухми некӣ мепошид, барояшон накӯкорӣ меомӯхт.
Ӯ дар эҷодиёт ба дараҷаи устодӣ расида, дастгиру мададгори ҷавонон буд. Андешаву мулоҳизаҳояшро дар хусуси чӣ будани ҳикояту чӣ тавр навишта шудани он, мафҳуми шеъри нав, дар бораи эҷоди адибони ҷавон бе пардаву ошкоро иброз медошт, ки на ҳамеша ва на ба ҳама писанд меомад, боиси малули хотири бархе мешуд. Ба сараш борони маломат мерехт, вале ӯ фош мегуфту аз гуфтаи худ дилшод буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор