Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди он ки хӯрданӣ хӯрда буд шуд ва ошомиданиро ошомидем, навбати оҳангу тарона фаро расид ва Иброҳимҷон кассетаи таронаҳои тоҷикиро ба магнитофон гузошт.

Дур аз ёру диёр таронаҳои ватан ба кас дигаргуна таъсир мекунанд: гӯё тарона не, насими кӯҳсору водиҳои Тоҷикистон ба сар мевазиду дилҳоро ба хурӯш меовард. Мо мехостем, ки дӯстони немис низ аз оҳангу таронаҳои мо таъсир бигиранд, назокату нафосат ва изтиробу ҳаяҷони дили тоҷикро эҳсос созанд. Аз ин сабаб, мо бо навбат гоҳ байтеро ё нақаротеро аз тарона тарҷума мекардем, гоҳ оҳангеро шарҳу эзоҳ менамудем.

Чун ҳавои рақс омад, Иброҳимҷон ба меҳмонон рақси тоҷикиро намоиш дод. Ман Саломеяро, ки аз ин ҳама тоҷикписандиҳо дар назар нисбат ба ҳамдиёронаш камтар ваҷду шодмонӣ дошт, ба рақс даъват кардам. Вай ба рақси тоҷикӣ даст кушод, ҳатто як раҳ чарх ҳам зад ва сипас аз кори худ шармид ва ба ишорати сар маро даъват кард, ки ба таври маъмулӣ бирақсем. Дареғо, ки ин лаҳза Иброҳимҷон саргарми гуфтугузор буд ва чигуна хиромон, аз рӯи ҳама қоида ба рақси тоҷикӣ, боз ба рақси махсуси занона даст кушодани Саломеяро надида монд. Немисдухтар паридани ҳанги маро пай бурду гуфт, ки дидед, чигуна ман зуд рақс меомӯзам. Ман дар ҷавоб оҳиста хандидам. Чи гӯям, ки баъзан мардон дар ҷое, ки гиристан лозим аст, механданд.

Ман дасти Саломеро гирифта ду-се раҳ чарх гаштам ва дар назди тиреза ба тадриҷ пойкӯбон ба чашму рӯяш аз наздик – аз масофаи ҳамагӣ 15–20 сантиметр ба диққат нигаристам, чунон ки дар чеҳраи вай нишонаи гумшудаеро мекофта бошам.

— Чаро ба рӯи ман ба ин тарз менигаред? – пурсид Саломея бо нимтабассум ба қаъри чашмони ман нигариста.

— Яъне, ба ин тарз? – боз пурсидам, то ки барои ҷавоби саҳеҳ фурсати андешидан пайдо кунам.

Саломея китф боло кашид ва ба рӯи ман чунон нигарист, ки аз ин нигоҳ ба якбора дилам таҳ зад: нигоҳи дилошӯби духтари тоҷик аз даричаи чашмони ӯ ба ман менигарист.

Баъд аз ин бо ӯ сухан мегуфтаму механдидам, нармакнармак пойкубӣ доштам, вале хаёлам баҳру барро тай мезад: Шайх Саъдӣ бекор нагуфтааст, ки «бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд», дар рагҳои мо хуни чи одамон ҷорист, кӣ медонад?!

пешина
аз 94
навбатӣ