Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Саломея аз вазъи парешони ман пай бурду безобита гашт. Вале ман чӣ гуфта, ӯро саргарм карданамро намедонистам.
Сипас барои машғул доштани ӯ саргузаштеро аз ҳаёти адибони номвар нақл кардам:
— Адиби нуктасанҷи рус Паустовский овардааст, ки дар соли 1922 дар шаҳри Кёлни тарафҳои шумо, дар як ошхонаи хилвати канорӣ се нафар адибони рус – Горкий, Бунин ва Леонид Андреев менишастаанд. Горкий бозие сар мекунад ва ҳар се адиб бо навбат фақат якдақиқагӣ ба як тан ҷанобе, ки дар гӯшае танҳо нишаста, машғули хӯрокхӯрӣ будаст, менигаранду сипас ба навиштани симои ӯ оғоз мекунанд. ҳар се беҳтар аз якдигар симои он ҷанобро бо сухан ифода мекунанд. Дар охир Горкий аз ҳамнишинонаш мепурсад, ки ин ҷаноб кӣ ва чикора аст. Яке мегӯяд, ки тоҷир аст, дигаре тасдиқ мекунад, ки ин ҷаноб дузду таррорест. Баҳс мекунад. Горкий ҳамнишинонашро ором мекунаду соҳиби ошхонаро даъват менамояд ва аз ӯ мепурсад, ки ин ҷаноб киву чикора аст. Соҳиби ошхона ташвишомез мегӯяд: «Аз барои савоб, оҳистатар… Ин ҷаноб дузди машҳури Аврупо аст, ӯ ҳамеша дар ин ҷо хӯроки пешинро мехӯрад…».
Саломея сари зебояшро ҷунбонда хандае заду сипас бепарво савол кард:
— Яъне?.. Чӣ гуфтан мехоҳед? – Ва ман ба ҷавоби пурсишаш даҳон накушода, пайрави суханаш бигуфт. – Ман медонам, мардуми Шарқ ҳамеша аз дур сухан сар мекунанд ва ҳамеша бо рамзу истиора ва маҷоз…
— Чӣ гуфтанӣ будам? Ба гумонам, матлабам возеҳ барин аст: ман ҳам як қамчин нависандагӣ дорам ва каму беш одамонро мешиносам.
— Хуб, сипас бигӯед, ки ман кистам ва чикораам? Ҷосуси олами капиталистӣ? ҳамин тавр не?
— Не, баракс, шумо одами худӣ барин… Шумо тоҷикед, ҳамин тавр не? – Ман бо тантана инро ба ӯ эълон кардам ва сипас ҷавоби тасдиқи ӯро чашмдор будам.
Саломея дасти хурду латиф ва зебои худро ба сари сина ниҳода ва андаке хамида хеле хандид. Вай зоҳиран ба мазоҳи ман механдид, аммо ҳама вуҷудаш аз он далолат менамуд, ки ӯ дарди худро аз ман пинҳон доштан мехоҳад. Ман нигоҳи ӯро гирифтан мехостам, вале вай баъди ин суханро шуниданаш ба чашми ман наменигарист. Ӯ оқибат эҳсоси худро саранҷом бахшиду ба нишони таассуф сар ҷунбонд ва ба чашми ман нигариста гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор