Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Анна ва Паул боз ба рақсу пойкӯбӣ оғоз карданд. Ману Саломея дар назди тиреза берунро нигариста, гуфтугузорамонро идома медодем. Сараввал вай доир ба иқлим ва табиати Тоҷикистон, зиндагӣ ва машғулияти мардумон савол карду ман ҷавоб гуфтам. Пай бурдам, ки вай беш аз ҳама аз колхоз ба дил ҳарос дорад.
Дигар ман бо сад эҳтиёт, ҳар суханамро андешида қалъаи асрори духтарро номаълум ҳамлаҳо меовардам. Баъди он ки аз Тоҷикистону тоҷикон, аз таърихи қадиму ҳаёти имрӯзи он дурру дароз сухан гуфтаму ҳикмату ривоят овардам, ба гумонам, оҳани ӯ нармтар шуд ва ба чашмони ман бо табассуми меҳромез менигарист. Ман фурсатро аз даст надода ду дасти сардакаки Саломеяро ба даст гирифтаму рост ба чашмонаш нигариста, бо як навъ эътимоди кулл ва қатъӣ гуфтам:
— Саломея, ту тоҷикӣ, ҷонам! Хоҳӣ, иқрор кун, нахоҳӣ, не, аммо ман аминам… Бидон, ки бори дигар дар ҳаёт гумон аст, ки ба ҳамчу мане вохӯрӣ… яъне, ба тоҷике, ки дар симои ту ҳамнаҷоди худро бишиносад… Наход ки ту аз аслу насаб, аз тухму тахмаи худ хиҷил бошӣ? А? Магар нангат меояд?..
Чашмони духтар пуроб шуданду сипас вай дар миёни ашк зӯран табассум кард ва хомӯш дасти маро гирифту оҳиста ба рақс даромад. Ман ҳам хомӯш ба вай мувофиқат кардам. Саломея барои пинҳон доштани қатраҳои ашки ба рухсораш шорида, танашро ба тани ман ҷафстар карда ва рӯяшро дар синаи ман панаҳ менамуд. Мо якчанд дақиқа хомӯш, ягон-ягон пой ҷунбонида, зарбаҳои дили якдигариро гӯё гӯш медодем. Сипас духтар асари ашкро аз чашму рӯяш номаълум пок карду оҳи пурдарде кашид ва оҳиста ба чашми ман чашм дӯхту пурсид:
— Дар вилояти Ленинободи шумо Қистакӯз ном деҳае ҳаст?
— Бале. Ман дар он деҳкада будам ва на як бору ду бор. ҳоло онро деҳа гуфтан наметавон, ба шаҳрак монанд аст, заводи консерви мева дорад.
— Падари ман аз ҳамон ҷост. Ӯ маро Саломат ном дода буд, – ин калимаи тоҷикиро духтар бо як навъ ҳаяҷону изтироб ва лаҳни ширини шеваи тоҷикони шимоли республика гуфт.
— Ному фамилияашон чӣ?.. Хешовандонашон медонанд?..
— Дигар савол накунед, чизе намегӯям! – Духтар сухани маро қатъан буриду сипас ба меҳрубонӣ ба лабам ангушт зад ва гуфт: – Падарам соли шасту ҳаштум аз дунё даргузашт. Вай ба ҳалқу ватанаш ҳеҷ кори хиёнатомезе накардаст. Аммо васият кард, ки дар хориҷа монданашро зинҳор фош накунем ва хешовандонашро ташвиш надиҳем… Ғолибан, вай баъди ҷанг дар асирӣ будагонро мусаллаҳ истиқбол карда, ба Сибир фиристонидани Сталинро шунида будаст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор