Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Дар тарафҳои мо немисҳое ҳастанд, ки аз баъзе тоҷикони шумо сиёҳҷурдатаранд.
— Барои ман ранги пӯст эътибор надорад.
— Сипас, куҷои ман ба тоҷикдухтар монанд аст, ҳайронам? Ман дар Намоишгоҳ тоҷиконро дида будам, занону духтаронатонро низ дидаам, аммо ҳеҷ яке ба ман монандӣ надоштанд.
— Нигоҳи чашмонатон… Сонӣ бӯятон монанд…
Саломея қаҳ-қаҳ зад. Сипас бигуфт:
— Ҳеҷ чизро намефаҳмидаед.
— Агар шумо дурӯғгӯй набошед…
Ин суханро ба гуфтан гуфтам, вале ба рӯи Саломея нигариста, аз гуфта пушаймон будам. Баъзан хислати мардуми хориҷиро намефаҳмед: аз як ҳарфи беҳуда ба ваҷд меоянду барои як пула гапу кор меранҷанд. Духтар бо чашмони ашколуд ба рӯйи ман озурдахотир, балки аз ин чунин ситами ногаҳон ҳайратзада менигаристу миҷаҳояш пир-пир мепариданд. Вай зуд нигоҳашро поён гирифт, дасти худро аз дасти ман раҳо кард ва дар шитоб ба сӯйи дар рафт.
Баъди рафтани вай ҳама лаҳзае карахт, ба рӯйи ман нигариста эзоҳ талаб доштанд, аммо ман боиси қаҳру итоби Саломеяро равшан идрок накарда, саргаранг будам. Возеҳ намедонистам, ки вай аслан аз «тоҷикдухтар» гуфтани ман ранҷид ва ё аз он, ки ӯро ба дурӯғгӯйӣ муттаҳам кардам. Охир, дар сари шӯхӣ чиҳое, ки намегӯянд…
Баъд Анна ва Паул аз паси Саломея рафтанду хеле вақт бедарак буданд. Табъи мо нохуш буд, ончунон ки ман аз хиҷолат ба рӯйи Иброҳимҷон наменигаристам.
— Ҳазлона дурӯғгӯй гӯям…
— Барои немисҳо ин дашноми қабеҳтарин аст. – гуфт Иброҳимҷон, ки нисбат ба ман бештар бо хориҷиён сару кор доштанаш аён буд.
— Гӯё аҳдномаи ҳуҷум накарданро инҳо нашикаста бошанд…
Хайрияти кор, Анна ва Паул Саломеяро пеш андохта аз дар ворид омаданду гӯё дар дилу дидаҳо якбора чароғ фурӯзон гашт.
Дӯстон ману Саломеяро бо тантана оштӣ доданд: мо дасти якдигариро сахт фишурда истодем, Анна ба навбат ба дастҳои мо бо дасташ мезаду ба лаҳни ғалатии худ «афсуни» русӣ мехонд: «Мирись, марись, и больше не дерись…»¹
¹ Оштӣ шав, оштӣ шав, дигар ҷангӣ нашав…
Мо боз сари дастархон нишастему мева хӯрдем, шарбат ошомидем, ва лаҳзае гузашту бо якдигар беғубори озурдагӣ сухан мегуфтем ва механдидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор