Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Дао ҷомиаи тоталитарии мо, ки ҳаққу ҳуқуқи инсонҳо ҳар лаҳза ба бешафқатии мудҳише поймол мегашт ва манҳустарин қонунҳои нонавишта ошкоро амал мекарданду пояҳои истибдоди бюрократиро сахту шадид ҳифз менамуданд, чи қадар мардони соҳибдил ва соҳибҳунар дар гирдоби дарёи шароб ҳалоки худро дарёфтанд, мо – ҳама гувоҳем. Воҷиб аст, ки ин тоифаро аз майзадагони коҳилу беҳунар ва авбошу разил тамиз намоему ҳамаро ба як газ андоза нагирем.
Дар ҳама олам мардуми соҳибтамиз дахолат ба рӯзгори шахсии инсонро аломати ҷоҳилият меҳисобанд. Фақат ба ҳаёти президент барин ашхоси интихобӣ аз ин ҷиҳат ҳам менигаранду бас. Ва фақат мардуми мамлакати мо аз ин қоидаи азалии башар истисно буд ва ҳар як инсонро барои шикояти занаш ё маъшуқааш низ гунаҳгор мекарданд, барои талоқи зан ҷазо медоданд. Нозимиро низ ба ҷурми талоқи занаш аз кор маъдул сохтанд.
Вақте ки тамоми риштаҳои идорасозии ҳукумат дар дасти як гурӯҳи одамони ҳамақидаву ҳаммаслак мутамарказ мегардад, хоҳу нохоҳ тоталитаризми лаҷомгусехта ва беҳаё ҳар як амри худро ба ҳукми қонун медарорад.
Онҳое, ки аз ин захми носури мо ҳоло сухан кардан намехоҳанд, ҳеҷ аҷаб не, ба дигарбора сар бардоштани аждаҳои тоталитарӣ чашм доранд. Ба қавли адиби шаҳири рус Лев Толстой, агар мо аз маризи тоқатгудозу мӯҳлик шифо ёфтем, чаро ҳар лаҳза аз он ёдоварӣ накунем, аз он авлоди фардоро огаҳӣ надиҳем?!
Нозимиро, ки дар айёми ҷавониву дар сари вазифа аҳли деҳа гӯё ба кафи дастони худ мебардоштанд, оқибат шоҳиди бепарвои таҳқир ва зиллату хориҳои ӯ мегарданд. Фақат писараки наврасаш – Меҳрубон ӯро аз лой бардошта ба автобус савор мекунаду ҳамроҳаш меравад, ки ин ҳол ҳам хеле рамзомез аст.
Ин лаҳза ва умуман чунон фарҷоми нохуш хонандаро ба андешаҳои амиқ ва гуногун мебарад. Хонанда хоҳу нохоҳ давоми рӯзгори падару писарро пеши назар овардан мехоҳад, ба фардои ин ду фарди бебарор лаҳзае назар афканданӣ хоҳад гашт.
Ман инро барори нависанда мешуморам.
Умуман, маро чунин дар назар меояд, ки дар қиссаи нави Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар» чунин симоҳои хотирнишин бисёранд. Ва аз ин ҷиҳат ин асари адиб дар эҷодиёти ӯ мақоми шоистае дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор