Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе аз хонандагон баъди мутолиаи ин навиштаҳо балки ба ман эрод бигиранд, ки наход дар қиссаи фавқузикр ҳеҷ як нуқсоне надида бошам. Бешак, ҳеҷ як асар бенуқсон нест ва ин қисса ҳам ҳусну кубҳи худро дорад. Аммо ман дар ибтидои ин мақола арз кардам, ки вазифае ҳоло назди худ гузоштаам, хеле хоксорона аст, таҳқиқу таҳлили пурраи асар нест. Ман барои хонандагони азиз баъзе аз нуқтаҳои диққатрабои ин қиссаро гӯшзад кардаму бас.

Аз ҷиҳати дигар, дар чунин як мавриди дилангез, ки ин қисса барои гирифтани ҷоизаи давлатӣ пешбарӣ гаштааст, кадом инсони ҳақир аст, ки ба айбу нуқси он назар кунад?! Оре, ман имрӯз фақат ҳусну назокати ин қиссаро менигараму бас.

Зиёда аз он, ман аз мутолиаи ин қисса дарёфтам, ки ҳар як шахси нависанда лоҷарам ба мо дари ҷаҳони маънавию рӯҳонии худ, сифатҳои инсонии худ – адабу хирад, тамкин ё сабукмағзию такаббур ва худписандиашро ва ё худ муҳаббату дилсӯзиашро ба инсон алоқадри ҳол мекушояд. Қиссаи Кароматулло Мирзоевро кас мутолиа менамояду некбинӣ, ғамгусорӣ, ба дарди дигарон ҳамдардии самимии ӯро эҳсос мекунад, ки ин аз сифатҳои хеле муҳимми шахси адиб мебошад.

Бешак, баъзе аз мунаққидон ба ин қисса эрод хоҳанд гирифт, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ки даврони зиндагӣ ва фаъолияти Нозимию Мушаррафро ба ларза афкандааст, гӯё ба рӯзгори онон ҳеҷ таъсире накарда ва ба гӯшҳояшон садоҳои он надаромада бошад ва ғайра ва ҳоказо. Чӣ гӯям, ки ҳар як асари бадеъро инсон бо чашми худ мебинаду бо эҳсосоту афкори ақоиди худ мешиносад. Ман дар сари ин ақоидам, ки дар ҳар як қиссаву роман тасвири иҷтимоиёти рӯзгорро ҷустан, бо масъалаҳои сиёсии давр ҳамовозӣ кофтан ҳатман зарурат надоштагист. Аз ин хусус, замоне дар сӯҳбат бо мунаққид Лев Аннинский адиби рус Юрий Трифонов гуфта буд: «Ман роҷеъ ба марги инсон менависам («Иваз»), онҳо мегӯянд, ки ман аз майда – чӯйдаҳои рӯзгор менависам; ман дар ҳаққи муҳаббат менависам («Падруди давомнок»), онон боз мегӯянд, ки аз майда – чӯйдаҳои зиндагӣ менависам; ман аз хусуси вайрон шудани хонавода менависам («Натиҷаҳои пешакӣ») – боз ҳамон гапро мешунавам; доир ба талоши инсон бо андӯҳи марговар менависам («ҳаёти дигар»), боз мегӯянд, ки аз майда – чӯйдаҳои зиндагӣ…»

пешина
аз 94
навбатӣ