Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
Дар ин гуфтаҳои адиби рус ман меъёри қолибзадаи танқиди адабиро, ки ба адабиёти бисёр миллатҳо сироят карду солҳои тӯлонӣ ба ҳукми расм гашт, хеле равшан эҳсос мекунам. Магар дар адабиёти тоҷик меъёри баҳодиҳӣ маҳз чунин набуд ва чунин нест?!
Масъалаҳои муҳимтарини рӯзгор ҳам ногузир даргузаранд, аммо пас аз ҳазор сол ҳам инсонҳоро қисмати инсон ба шавқ меоварад, на камбудиву комёбиҳои колхозу совхоз ё заводу фабрик. Бешак, ман ба ин суханон моҳияти ин мавзӯъҳоро, тасвиру таҳлили онро дар адабиёт ҳаргиз инкор намекунам, фақат гуфтан мехоҳам: асарҳое, ки аз ҳаёти шахсии инсон ҳикоят мекунанд, ба мо на камтар аз қиссаву романҳо аз ҳаёти бинокорону пахтакорон ва ё масъалаҳои таърихию иҷтимоӣ заруранд.
Аз ин ҷиҳат қиссаи Кароматулло Мирзоев «Дар орзуи падар» чун як қиссаи самимӣ аз ҳаёти шахсии инсонҳои шоистаи тақдир аст ва агар шарафёб гардад, эътибори ҷоизаи ба номи устод Рӯдакиро хоҳад афзуд. Ман ин нуктаро маҳз аз он сабаб қайд мекунам, ки дар тӯли якчанд соли охир, махсусан, баъд аз сари устод Турсунзода эътибори мукофоти комсомолро бениҳоят паст карданд. Азбаски ба сабаби ёру ошноӣ ва маҳалгароиҳо ин ҷоизаро як зумра адибони камҳунар мушарраф гаштанд, айёми охир баъзе аз адибони ҳунарвари мо аз гирифтани он нангашон омад ва ошкоро аз он даст кашиданд. Мабодо, ки рӯзе расаду адиби ҳунарваре аз қабули ҷоизаи Рӯдакӣ ҳам нангаш ояду сар бипечад.
Бинобар он ҳам, ба ин ҷоизаи мӯътабари адабиётамон боист, ки асарҳои шоистатаринро пешбарӣ кунем.
6.02.92.
БАҲРОМ ФИРӮЗ:
ЗИНДАГИИ АДИБ ҲАМВОРУ ОСОН НЕСТ
— Соли 1993 ба итмом расид ва он дар хотира нақшҳои гуногун гузашт. Дар хотири Шумо ин сол чӣ нақше дорад?
— Воқеаи аз ҳама хотирнишини соли рафтаи 1993, ба фикрам, дар Тоҷикистони мо ба охир расидани ҷанги бародаркушӣ буд. Ин воқеа шоистаи хеле таҳсин аст, лекин ба гумонам расман ин ҷанг барҳам хӯрда бошад ҳам, дар тӯли як сол зиндагии мардуми мо беҳтар нашуд. Дар кӯчаҳо ҳанӯз ҳам ғоратгарӣ, дуздӣ авҷ мегирад. Ин чизҳо маро хеле маъюс мекунад. Умедворам, ки дар соли 1994 ба мардуми мо осоиштагӣ насиб мегардад. Дар ҳаёти шахсии ман соли 1993 соли бисёр сахту сангин буд. Вақте ки Душанбе ноором шуд, мо адибон қариб, ки кор карда наметавонистем. Ман аз рафиқи ҳамқаламамон Кӯҳзод пурсидам, ки Шумо оё ягон чиз мехонед ё менависед. Вай гуфт, ки дар тӯли як сол қариб саҳифае хонда наметавонам, ҳар чӣ мехонам, гашта боз мехонам, ба майнаам намедарояд. Ва айнан ҳамин ҳол дар сари ҳар кадоми мо, дар ҳаёти ҳар кадоми мо буд. Беҳуда нагуфтаанд: «Вақте ки тиру туфанг садо медиҳад, илҳом хомӯш мешавад». Вақте мамлакат, халқ ноором аст, адиб на саҳифае хонда метавонад, на саҳифае навишта метавонад. Бинобар он ман дар ин сол ба корҳои дигар машғул будам. Тирамоҳи соли гузашта ба Хуҷанд рафтам ва аҳли адаби Хуҷанд хоҳиш карданд, ки маҷаллае таъсис кунем ва сардабирии онро ба зимма гирам ва тамоми соли рафта тақрибан ба нашри ҳамин маҷалла машғул будам. Маҷалла «Сайҳун» ном дорад. Маҷаллаи адабӣ ва оммавӣ аст. Дар атрофи маҷалла аҳли адаби Хуҷанд, вилояти Ленинободро ғун кардем, ба навиштани асарҳо сар кардем ва ду шумораи он аз нашр баромад. Дар рӯзҳои аввали соли нав шумораи сеюм ҳам ба дасти хонандагон мерасад ва хурсандии ман ҳамин аст, ки як соли умрам, зоеъ нашуд, барои хонандагон, барои адабиёт як хизмате кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор