Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳикояҳои зиёде эҷод кардаед, ба ман ҳамчун хонанда ҳикояи «Пеш аз шаби арӯсӣ» ҳанӯз дар ёд аст. ҳам сюжет, ҳам забону тавсири бадеӣ ҷолиб аст. Рости гап, ба чанд нафар ҳам тавсия додам, ки ин ҳикояро хонанд. Дар ҳикоя яке аз қаҳрамонҳои асосӣ адиб аст. Ман чунин гумон бурдам, ки саргузашти худи Шумо бояд бошад. Оё ҳамин тавр аст?

— Бале, китоби «Пеш аз шаби арӯсӣ», ки соли 1989 нашриёти «Адиб» интишор сохт, 50 ҳикояамро дар бар мегирад. Ва дар тасаввур меорам, ки ҳар як ҳикоя як вақти зиндагии ман аст. Зиндагии адиб зиндагии ҳамвор, зиндагии осон нест. Агар он китобро хонанда хонад, мефаҳмад. Дар он ҷо хонанда ҳам гиря мекунад, ҳам хушнуд мешаваду механдад. Бисёри он ҳикояҳо, гуфтан мумкин тамоми он ҳикояҳо, аз саргузашти худам аст. Бигирем, ҳикояи «Саломея». Боре мо дар бинои Университети давлатии Маскав бо рафиқҳои олмонӣ нишастему дар симои яке он духтарон ҳамдиёри худамонро шинохтам. Падараш аз Тоҷикистон будааст, саргузашти худи мо ҳаст, шоҳидон ҳастанд. Ё худ ҳикояи «Ғӯрамарг» саргузашти фарзанди ҷавонмаргам аст. ҳамон эҳсосот, ҳамон дарду аламеро ки аз вафоти вай мекашидам, ҳамонро як шабе бо фарёд хеста навиштам.

— Ё ки як ҳикояи дигаратон ҳаст, муаллим, дар бораи солҳои 30-юм чӣ тавр китобҳои моро месӯзонданд…

— Вақте ман ба деҳоти Самарқанд, ба зодгоҳи азизам рафтам, ҳамин воқеаро шоҳид будам, рафиқам ҳам. Китобҳоро аз девори масҷиду аз ғорҳо ёфтем.

— Боз ба ёдам мерасад, дар байни ҳикояҳоятон як ҳикояе ҳаст, ки дар бораи як духтар нақл мекунад. Он духтар ба муҳаббати ҷавонон бовар мекунад, ба инаш бовар мекунад, ба дигараш…

— Шумо ҳикояи «Товуси маст»-ро дар назар доред. Товус дар ҳақиқат як духтари ҳамсояи мо буд. Бисёр духтари нозанин ва бисёр мехостам, ки ӯ хушбахт бошад, аммо ҳусни зиёда ҳам боиси бадбахтии духтар мешудааст. Айнан ман ҳаёти ӯро тасвир кардаам дар ҳикоя. То ки барои дигар духтарон ибрат шавад. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як падаре, ки духтар дорад, ба духтараш ин ҳикояро хон мегӯяд, зеро ки вай сабақ бояд бошад барои ҳар як духтар, саргузашти қаҳрамони ҳикояи «Товуси маст». Агар ба ҳикояи «Пеш аз шаби арӯсӣ» диққат карда бошад, ин ҳикоя ҳам бо як нафас навишта шудааст…

пешина
аз 94
навбатӣ