Зеҳн
Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ва бо як нафас хонда мешавад.

— Бояд ки ҳамин тавр шавад. Духтари айёми маро тасвир кардаам, лекин аз будаш болотар тасвир кардаам ин ҷо. Чунин духтари донишманд шояд, ки дар байни духтарони мо камтар ба назар хурад. Қаҳрамони ман аслан дар зиндагӣ Бунафша ном дошт, албатта он чуноне, ки вай он ҷо тасвир шудааст, чунин донишманд набуд, лекин ман хостам, ки духтарони мо ҳамин хел бояд бошанд. Ба ҳамин чашм ба муҳаббат назар кунанд. Адиб мехоҳад қаҳрамони асараш дар радифи одамони одӣ набошад, зеро дилчасп намебарояд. Вай бояд як сару гардан аз зиндагӣ баландтар бошад. Қаҳрамонони Ҷек Лондонро бинед, чунон қаҳрамонеанд, ки иродаи онҳо аз одамони одӣ як сару гардан баландтар аст. Вай касро ба зиндагӣ илқо мекунад. Ба фикрам дӯстдории ин духтар ҳам ба дӯстдорӣ, ба муҳаббат илқо мекунад, зеро ки аз муҳаббати одӣ як сару гардан баландтар ҷилва мекунад. Муваффақияти асар дар ҳамин будагист.

— Қиссае доред бо номи «Ту танҳо не» ва маҳалли тасвири ин воқеа ба ман маълум аст, яъне ки ман ошно ҳастам ба он ҷойҳое, ки Шумо тасвир кардед: водии Вахё. Шумо магар дар он ҷо будед?

— Бале. Ман геолог нестам, аммо як нафар аз дӯстони ман сардори идораи геологҳо, маъданковон буд. ҳар замон ба ман мегуфт, ки Шумо дар бораи чӯпону деҳқону пахтакор менависед, аммо дар бораи геологҳои мо то ҳанӯз ягон китобе нест. Ман ба ӯ доим ваъда мекардам, ки менависам ва барои навиштан як соли дароз тайёрӣ дидам, илми геологияро омӯхтам. Баъди як сол ман ба диёри Шумо рафтам. Ба он ҷо ҳамчун нависанда не, ҳамчун коргар рафтам, то ки нашиносанд. Агар мешинохтанд, ман ҳеҷ маълумоте гирифта наметавонистам. Ва ҳамчун геологҳо дар баландии севуним-чор ҳазор метр кор кардам. Дар ҳамон ҷойҳое, ки тасвираш кардам, будам, аммо афсӯс, ки он замон вақте буд, Хрушев камакак озодиро дода буд. ҳамон озодӣ барҳам хӯрдагӣ буд ва ҳеҷ як фикри озодро дар матбуот роҳ намедоданд. Маҷбуран кӯҳистони ободро тарк карда мардум ҳама ба водӣ кӯчидаанд. Кӯҳистоне, ки як замон обод буд, бекас, тамоман хароба шудааст. Ман ҳамин фоҷеаро нишон додан мехостам, аммо ба ман ин чизро имкон надоданд дар ҳамон замон. Бинобар ин мехоҳам, ки дубора ягон рӯз ба сари ин қисса баргардам ва онро аз дигар нависам. ҳарчанд ки ин қисса ба тоҷикӣ чоп шуд, ба забони русӣ дар Маскав тарҷума шуду чоп шуд. ҳатто аз Озарбойҷон як рафиқи озарбойҷонӣ, ки вай геолог ва нависанда будааст, бисёр тақризи аҷоиб фиристод ба идораи «Адабиёт ва санъат» ва онро чоп карда буданд дар ин рӯзнома. Вай ҳатто гуфтагӣ буд, дар Озарбойҷони мо, ки ватани геология ҳаст, ин қадар конҳо дорем, ҳанӯз аз рӯзгори геологҳо чунин қиссае ба вуҷуд наомадааст. Аммо ман бори дигар мегӯям, қиссаро аз сари нав навиштан мехоҳам, зеро бисёр дардҳое, ки дар дилам буд, онҳоро ҳамон замон ошкоро гуфта натавонистам ва гуфтаги дардҳоямро ҳам намонданд, буриданд. ҳатто дар нашри Маскав баъзе чизҳо ҳаст, аммо сензураи мо ин чизҳоро нагузаронда буд.

пешина
аз 94
навбатӣ