Дарёи меҳр

Маҷмӯаи хотирот дар бораи адиби шодравон Баҳром Фирӯз (1939–1994): меҳрномаи устодону ҳамкорон, дӯстону шогирдон, инчунин ҳикояи «Саломея», мақола ва мусоҳибаи худи адиб. Мураттиб Пайванди Гулмурод (Душанбе, «Адиб», 2009).
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 94 саҳифа
— Ва ҳоло ба эҷоди ин чиз машғул ҳастед?
— Не, ҳоло ба даст нагирифтаам. ҳоло дар сари романе кор карда истодаам. ҳамин ки ин романро анҷом додам, як фурсате пайдо мекунаму ба сари «Ту танҳо не» аз сари нав менишинам.
— Муаллим, дар эҷодиёти Шумо боз як чиз ба назар намоён ҳаст. Ин мақолаҳои публисистиатон мебошад ва давои дарди ҷомеа дар онҳо нишон дода шудааст, вале намедонам барои табобат онро ба назар мегиранд ё ки не?
— Албатта, дар ҷомиаи муттамаддин, дар ҷомиае, ки аз кӯдакӣ он то президенти он китоб мехонад, бояд ки матбуот тарзи давлатдориро идора кунад. Дар Америка ва дигар давлатҳо матбуот идора мекунад. Матбуот нозир аст. Аммо афсӯс, ки дар мо, чи хурду чи бузург камтар китоб мехонад. Ба садои адибон, журналистон камтар гӯш мекунанд. Ман пеш аз ҳамин тӯфонҳо, пеш аз ҳамин хунрезиҳо дар рӯзномаҳо хеле мақолаҳо чоп карда, мардумро, намояндаҳои фирқаҳоро ҳатто аз ҳамин бадбахтиҳо огоҳ кардам. Агар хонандаҳо он мақолаҳоро, ки дар китоби нави ман «Саҳнаи гардон» гирд омадааст, хонанд, равшан мебинанд. Аммо фарёде буд, ки шамол ҳар тараф мебурд, вале ба гӯши касе намерасид. Ва ҳатто ман дар мактуби худ, дар номаи кушодаи худ ба Президент Раҳмон Набиев (рӯҳаш шод бод) дар ҳафт қисм пешниҳод кардам ақидаҳои худро ва дар ҳамон ҷо гуфта будам, ки ҷумҳуриятҳои ҳамсояи мо – ҳама барои баровардани пулҳои худ омодагӣ мегиранд, мо бе парво гаштаем. Фардо агар онҳо пулҳои худро иваз кунанд, тамоми селоби пули бекора ба мамлакати мо мерезад. Барои ин бояд ки Шумо як чорае биандешед аз ҳозир. Гиред китобро, хонед, ҳамин чизро гуфта будам, аммо афсӯс, ки ҳеҷ кас гӯш накард ва ҳамин воқеа рӯй дод. Ё худ барои пешгирии хунрезиҳо, барои ҷобаҷогузории кадрҳо, ҳар чизе, ки гуфтем, гуфтам-ку фарёде буд дар шамол.
— Имсол як китоби нави Шумо аз чоп баромад ва ин китоб аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он бештар мақолаҳои публисистии Шумо, мусоҳибаҳоятон бо журналистон ва назаратон ба эҷодиёти адибон чоп шудааст. Ин мувофиқи хоҳиши хонандагон буд ё ки нашриёт фармон дод ва ё худатон чунин хостед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор