Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳафтум, аз мутолиаи ашъори шоир бармеояд, ки ӯ донандаи хуби луғот ва мафҳумҳои тоҷикӣ буда, вожаҳои нобро дар ҳолатҳои зарурӣ бамаврид ба кор бурдааст;

Ҳаштум, Ҳақназар Ғоиб аз санъатҳои бадеӣ моҳирона истифода карда, каломашро дар либоси нозуки лафзу маънӣ баён мекунад. Шоир бештар аз санъатҳои ташбеҳу тавсиф, истиора, маҷоз, такрор, суолу ҷавоб, тазод, талмеҳ бамавқеъ истифода бурдааст;

Нуҳум, ашъори Ҳақназар Ғоиб асосан дар заминаи жанрҳои суннатӣ чун ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, тарҷеот, фард, суруду бадеҳа ва чаҳорпораву арӯзи озод навишта шуда, мавзӯъҳои ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ишқу муҳаббат, васфи волидон, расму оинҳои миллӣ ва ғайраро ташкил медиҳад.

Шоир ҳамеша ғалабаи равшаниро ситоиш менамояд. Зеро он рамзи хушбахтиву некномӣ ва осудагию салоҳият мебошад. Идроку андешаҳои Ҳақназар ҳамеша дар атрофи ситоишу сифати қаҳрамонони ҷангу меҳнат, падару модарон, Ватан, Тоҷикистон, ҷавонӣ, манзараҳои диёр, ишқу муҳаббати ҷавонон ва ғайра давр мезананд. Ҳамаи инҳо дар шеърҳои дигари ӯ низ пайваста намудор мегарданд. Аниқтар нигарем, шоир дар ин самт саҳмгузор мебошад ва ҳамаи шеърҳо дар тақвияти якдигар навишта шуда, оҳанги рӯзгори моро замзама менамоянд, гимни фирӯзмандию хушбахтӣ ва суруди сарнавишти асрҳоро ифода кардааст.

Ҳақназар Ғоиб аз жанрҳои суннатӣ – ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, тарҷеъбандро истифода карда, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Дар эҷодиёти шоир чаҳорпора ва шеъри нимоӣ, ки дар назми солҳои 60 – 80 – и тоҷик ривоҷ гирифта буданд, низ мавқеъ пайдо кардаанд. Маҳорати адиб махсусан дар жанри ғазал (98) ва рубоӣ (82) равшан мушоҳида мешавад. Сарчашмаи осори Ҳақназар Ғоиб назми классикӣ, назми муосири тоҷик ва эҷодиёти даҳонии халқ мебошад.

Аз солҳои 80 – уми садаи XX дар ашъори Ҳақназар мавзӯъҳои таърихӣ ва худогоҳии миллӣ мавқеи боз ҳам бештар пайдо кард. Ҳақназар Ғоиб аслан шоири маънигарост, ӯ ҳамеша хонандагонро ба маъниҳои нек ҳидоят месозад, сиратро ба сурат тарҷеҳ медиҳад, зеро вай аз шӯру исёни Мавлонои бузург бархӯрдор буда, дар ҳар маврид ӯро пайравӣ менамояд. Аз зарофату хаёлпардозӣ ва ибдооти адабӣ ва орояҳои лафзию маънавӣ ғофил нашуда, маънои шеърашро бо зеварҳои балоғӣ меорояд, то дилнишину зеботар гардад. Аз ин рӯ, дар ашъори ӯ ба таркибу таъбирҳои шоирона ошно мешавем ва бисёре аз байту мисраъ ва вожаҳои истифодагардида хаёлангезу шоирона, пуршӯру ҷазба ва дилангез ба қалам дода шудаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ