Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Дар эҷодиёти шоир достон мавқеи муайян дорад. Асарҳои эҷоднамудаи адиб хонандаро аз таърихи гузаштаю имрӯзаи мо огоҳ месозад ва дастоварди бузурге барои ояндагон мебошад. Мақсад аз навиштани достон ба таърихи сабақдеҳи миллат нигоҳ кардан аст ва миллат бояд аз таърихи худ бо назари маънӣ дарси ибрат гирад. Гузаштагони мо панд медоданд, ки «дар як чоҳ набояд ду бор афтод», зеро ин амал аз камхирадон аст. Насли нав аз таърих сабақ гирифта, бедордил мешавад, бо қадами санҷида ба саҳнаи зиндагӣ ва мубориза мегузарад. Ва чунин сабақ муқаддимаи «Эҳёнома»-ро ташкил медиҳад. Миллати худогоҳ «Эҳёнома»-ро хонда, ба хулосае меояд, ки ҳама шикастҳоро асос ҷудоиандешиҳост, ки қазиаро ба манфиати душман ҳал менамояд. Шоир мехоҳад, ки ҳамин ҷойи занҷир сустӣ дорад, он бо донишу фаҳмиш ва таҷрибаи ҳаётию зиндагӣ, алалхусус сабақомӯзӣ аз таърих комилан бартараф гардад. Бо ин талош ҷудоихоҳонро ба ваҳдат кашидан мумкин аст:
Бубояд ба теғе, ки дорӣ ба даст,
Кушӣ кинахоҳи ҷудоипараст [13, 238].
Забони ашъори шоир тамоюлоти халқӣ дорад, моҳирона ифода шудааст, зеро он аз эҷодиёти даҳонакии халқ бахусус, аз калима ва таркиботи гӯиши минтақаи мардуми Кӯлоб сарчашма гирифтааст.
Инчунин, аз мутолиаи сурудҳои тӯёнаи ӯ хонанда на танҳо завқи бадеӣ мегирад, балки ба аксар вижагиҳои маросими тӯй ошно мешавад, ки то имрӯз дар байни халқи мо маъруф мебошанд. Истифодаи фаровони зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ҳам боиси шево ва шавқангезии сухани бадеии Ҳақназар гардидаанд.
М. Аҷамӣ иброз доштааст: «дар шеъри имрӯз ба дараҷаи устодӣ расидани Ҳақназар давоми умри маънавии устодонест, ки истеъдоди ӯро шинохта ва дар раҳи камолот фотеҳаи нек додаанд» [69, 154-155].
Умуман, мероси адабии гуногунпаҳлуи Ҳақназар Ғоиб аз он шаҳодат медиҳад, ки шоир дар адабиёти охири садаи XX ва ибтидои садаи XXI ҷойгоҳи муносиб дошта, ашъори ӯ моломоли ғояҳои пешқадами адабӣ, эстетикӣ ва панду ахлоқӣ мебошад. Ҳақназар Ғоиб ашъорашро барои инсон ва ояндаи дурахшони миллат рӯйи коғаз овардааст, то ба халқу миллати хеш тавассути ашъори нобаш хизмати шоиста намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор