Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Ҳақназар аз маҳфили эҷодии устод Вализода аз файзи суҳбат ва базлагӯиҳои ин пири хирад баҳравар мешуд. Дар он базмҳои эҷодӣ шоироне чун Муҳиддин Фарҳат, Аминҷон Шукӯҳӣ, гоҳо Ғаффор Мирзою Ғойиб Сафарзод ширкат меварзиданд, ки ба такомули ҳунари сухангустарии Ҳақназар бетаъсир намемонданд. Дертар устод Лоиқ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Муъмин Қаноат гоҳо Бозор Собир ба Хатлон омада, ҷидду ҷаҳди устод Ҳақназарро афзун ва чароғи илҳомашро фурӯзонтар мекарданд. Инчунин, ин шоирони варзида азми эҷодию истеъдоди дигар ҷавоншоирони Кӯлобиро ба мисли Муҳаммад Ғоиб, Сафар Маҳмуд, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Салими Хатлонӣ, Маҳзун сайқал медоданд.
Ҳамчунин ёдовар шудан лозим аст, ки сурудаҳои таронамонанди Ҳақназар Ғоиб ҳамеша дар забони мардум танинандоз мебошанд. Шеъру сурудҳои дилошӯби ӯро овозхонҳои машҳури Шарқ ҳамчун устод Одина Ҳошим ва Нигина Рауфова месароиданд. Имрӯз он таронаҳо аз овози ҷозибадори Сурайё Қосимова, Давлатманд Холов, Афзалшоҳи Шодӣ, Озодамоҳ Муҳтарамова, Файзалӣ Ҳасанов, Хосияти Зарафшонфар, Хосияти Балҷувонӣ, Хурсандмурод Зарифов, Лола Сулаймонова, Қурбоналӣ Раҳмон, Бобоҷон Азизов, Сангалӣ Мирзоев, Моҳрухсор Сафиева, Соҳиба Давлатшоева, Бобоҷон Ҳасанов, Адолат Комилова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Ӯрунбой Ҳамдамов, Улфатмоҳ Мамаданбарова, Малика Саидова ва дигарон хуш садо медиҳанд. Бисёр бастакорон, аз ҷумла Фаттоҳ Одина ва Қудратулло Яҳёев, ба шеърҳои ӯ оҳанг бастаанд. Хайрулло Абдуллоев ба достони «Ҳасрати Эйнштейн»-и ӯ асари симфонӣ эҷод кардааст. Ин асарро Театри давлатии ба номи устод Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба саҳна гузошта, дар Фестивал–озмуни «Парасту–2006» ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ҳақназар Ғоиб ҳанӯз дар авҷи камолот буда, асарҳои мақбули замон таълиф менамояд.
1.2. Осори адабию бадеии ӯ
« Мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омӯзем, фарзандонамонро дар рӯҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки минбаъд ҳам аз байни халқи мо Рӯдакию Фирдавсиҳо, Бӯалию Хайёмҳо, Мир Сайидҳо ба воя расанду мо дар рушди тамаддуни башар саҳмгузор бошем» – қайд кардааст дар суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 680– солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ [107, 154].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор