Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Тибқи таҳқиқи ҳамаҷониба ва пурраи эҷодиёти шоир муайян мешавад, ки Ҳақназар Ғоиб аз ибтидои солҳои 60–ум то ин дам зиёда аз 50 соли умри қиматбаҳои худро ба суфтани дурри маънӣ сарф кардааст. Мақолоту тақризҳои муҳаққиқон, ки дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳо доир ба маҷмӯаю китобҳои ӯ ба табъ мерасанд, ҳанӯз моҳияти эҷодиёташро он тавре ки лозим аст, ошкор намесозанд. Аз ин лиҳоз, муҳаққиқону мунаққидонро лозим аст, ки атрофи эҷодиёти ин абармарди сухан ҷиддӣ назар афканда, паҳлуҳои эҷодиёташро мавриди пажӯҳишу нақд қарор диҳанд.

Аслан дар мавриди баҳо додан ба мазмуну мундариҷаи эҷодиёти суханвар даставвал мавзӯоти навиштаҳояшро як–як дида баромада, сипас бо тартиби муайян онҳоро вобаста ба оҳангҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ватандӯстӣ, фалсафа, ишқ, васфи волидон ва амсоли инҳо шарҳ медиҳем. Ашъори ин адиби ширинсухан аз ибтидо то қуллаи камолоти эҷодӣ пур аз эҳсосоти ошиқона мебошанд. Дар саросари осори шоир ҷойгоҳи махсус доштани мавзӯи ишқро бо мафҳуми воқеии он дарк менамоем. Эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб ба муҳаққиқону хонандагон имконе фароҳам меоварад, ки муҳаббати нисбат ба ҳаёт, ҷомеа ва халқу ватан доштаашро бараъло эҳсос намоянд. Чуноне ки Сайдаҳмад Набизода Аълочии маорифи Тоҷикистон, қайд кардааст: «Ашъори ноби устод Ҳақназар дарёи шаҳдбезест, ки тафсири он касро ҷониби баҳри беканори сухану маънӣ кашида, нафосату латофати шеъри гуҳарборони шоир хонандаро пайи андеша мебарад, андешаи нангу номуси ватандорӣ, андешаи худшиносӣ» [103, 45-47].

Дар асл истеъдоди суханварӣ худодод аст, ки он ҳамеша ба ҷӯш меояд ва тафаккури шоиронаи адибро ба ҷунбиш меорад. Вале силсилаҷунбони асосӣ дар офаридани ҳама гуна асарҳои хурду калон ишқу муҳаббат аст. Он аз бачагӣ қалби кӯчаки шоири ояндаро фаро гирифта, тӯли даҳсолаҳо ба рӯҳу ҷони ӯ нишаста, бар асари таҷрибаи зиндагӣ пухта мегардад. Ин ишқ аз гаҳвора бо аллаи модар ва дасти пуршафқати падар сарчашма гирифта, то меҳри Ватан такмил меёбад. Аввалин шеърҳои лирикии Ҳақназар Ғойиб, ки дар нахустин маҷмӯааш «Тӯшаи роҳ» манзури хонанда гардидаанд, ба монанди «Ба оянда», «Қуллаҳо», «Дил аз паси ту, ман аз паси дил», «Ҷаҳони ман», «Санг», «Донаҳои ашк», «Суруди ишқ», «Шеър», «Савти кӯҳсор...» рӯдеро ба хотир меоранд, ки аз чашмаҳои зулоли кӯҳистон ба ҷӯйҳо ҷорӣ шуда, бо мақсади даромехтан ба баҳри пуртуғён кӯшиш менамоянд. Дар аввал эҳсосоти қаҳрамони лирикӣ ё орзую омоли шоири ҷавон дар шеър мавқеъ гирифта, муҳаббати бо шири модар омехтаро дар васфи зодгоҳу Ватан зоҳир менамуд. Ӯ ҳанӯз дар шеъри «Шуълаҳо» ягона чизи барояш муқаддас–умрро сарфи шеъру фаъолияти шоирӣ кардан мехост. Қаҳрамони лирикии шоир ба воқеият, ба оянда боварии куллӣ дошта, тасмим мегирифт, ки тавассути сухан ба «родмардони мулк» ҳайкал мегузорад:

пешина
аз 114
навбатӣ