Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар сурудамро ба номи зиндагӣ сар мекунам,
Сӯзу оҳанги диламро нақши дафтар мекунам.
То биёбам рангҳои тозаи айёмро,
Хомаро то субҳ дар хуноби дил тар мекунам.
Ман миёни рӯди тӯфонҷӯши имрӯзу пагоҳ,
Пуламу пайванд як соҳил ба дигар мекунам [10, 26].

Нахустин шеърҳои Ҳақназар Ғоиб аз ҷониби устодон Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғойиб Сафарзода ва Мастон Шералӣ таҳрир гардида, дар матбуоти ҷумҳурӣ чоп мешуданд. Хусусан, шоири шаҳир устод Аминҷон Шукӯҳӣ солҳои донишҷӯии Ҳақназар бо шеърҳои ӯ ошноӣ пайдо карда, дафтари ашъорашро мавриди таваҷҷуҳи устодон Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб қарор медиҳад. Баъди чанде як шеъри шоири ҷавон бо унвони «Дил аз паси ту» аввал дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва баъд дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ мерасад. Маҷаллаи мазкур соли оянда як даста шеърҳои Ҳақназарро нашр намуд, ки онҳо писанди шоираи тавонои Эрон Жола Бадеъ гардидаанд ва ӯ бо ин силсилаи шеърҳо Ҳақназарро дар қатори лаёқатмандтарин шоирони навпардози он рӯзаи адабиёти тоҷик ном бурдааст [17, 146].

Нақди адабӣ аввалин маҷмӯаи шеърҳои шоир «Тӯшаи роҳ» (49) –ро дар қатори нахустин маҷмӯаи ашъори Лоиқ Шералӣ «Сари сабз» хуб истиқбол гирифт ва дар матбуот доир ба эҷодиёти шоир, алалхусус нисбат ба шеърҳои «Суруди вопасин», «Қуллаҳо», «Аҷдодони ман», «Дил аз паси ту», «Машъали орзу», «Аввалин савганд», «Сафар» ва ғайра мақолаю андешаҳои ҷудогона чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаи шоир бо фотеҳаи неки устод Боқӣ Раҳимзода ба нашр расидааст. «Аз ашъори шоири ҷавон Ҳақназар Ғоиб,-менависад ӯ, – насими форами кӯҳистон мевазад, дар сатрҳои гоҳо на он қадар сайқалдидаи ӯ қуллаҳои дур хира намоён шаванд ҳам, аммо дар азми шоиронаи ӯ қуллаҳо равшан падид меоянд» [111, 5].

Баъдтар устод Абдуқодир Маниёзов дар мақолае «Шеъри нав ва баъзе масъалаҳои шеърият» ва Ш. Сайҷаъфаров дар рисолаи «Фатҳи қуллаҳо» ба шеъри Ҳақназар Ғоиб баҳои сазовор доданд. Устод Абдуқодир Маниёзов дар баёни андешаҳояш перомуни «шеъри нав» далелҳо аз шеъри «Роҳҳо»-и Ҳақназар меорад. Масалан:

Роҳҳо бисёр,
Пур аз печу тоб,
Қиссаҳо доранд пур аз изтироб!
Ҳар яке ҳамвор, ноҳамвор, пурасрор бошад аз қадим.
Ҳар яке пасту баланд,
Бо нишону бенишон дар ҷабини асрҳо... [13, 6]

пешина
аз 114
навбатӣ