Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Мунаққид Абдурраҳмон Абдуманнонов баъди интишори маҷмӯаи «Нигоҳи гарм» соли 1983, ба унвони «Сабз гардад як ниҳоли орзу» мақола навишта, фикру андешаи хешро бо чунин суханон оғоз менамояд: «Маҷмӯа симои Ҳақназар Ғоибро ҳамчун шоири орзуҳо, шоири ҷӯянда ва шоири ҳассосу андешаписанд намудор сохта, касро водор месозад, ки ба шебу фароз ва пасту баландии шеъри ӯ бо чашми диққат назар созад. Умед ҳаст, ки ин ниҳол аз офтоби дурахшони шеъри мо пурнур, аз чашмаҳои зулоли ғояҳои замон сероб гардида, ба дарахти пурбори меваҳояш лазиз табдил меёбад» [55, 45].

Китоби чоруми шоир «Зинароҳ» (1983) ба чор қисмат тақсим шуда, беҳтарин падидаҳои эҷодии шоирро дар бар мегирад. Дар ҳар қисм дастагулҳои тозаи боғи камолоти шоир ҷамъоварӣ шудаанд. Қисми аввал «Хоки аҷдодӣ» ном дошта, аз 36 шеър, қисми дуюм аз 27 шеър ва қисми сеюми маҷмӯа «Даргоҳи дил» аз 14 шеър иборат аст. Қисми чорум «Таронаҳо» 8 ғазал, як бадеҳа, 26 шеърро дар бар мегирад, ки шеъри «Навҳа» аз маҷмӯаи «Нигоҳи гарм» интихоб шудааст. Ин маҷмӯа дар мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, ҷонфидоиҳои муҳофизони Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва корномаҳои қаҳрамонони замони осоишта навишта шудааст. Ҳангоми мутолиаи китоби «Зинароҳ» чунин суханони воқеъбинонаи шоир ва муҳаққиқи зиндаёд Усмон Назир ба хотир мерасад, ки аз сифати волои шеърҳои маҷмӯа ёд менамояд: «Шеър бояд зерсохт, болосохт ва парчам дошта бошад. Шеър бояд суруди миллат бошад. Шеъри Ҳақназар шеърест, ки ба миллат ва ба Ватан хизмат мекунад. Сатрҳои ӯро бояд дар деворнигорҳои дилу кохҳои азими ватанӣ баҳри имрӯзиёну ояндагон навишт... Шеъри Ҳақназар, эҷоду офаридаҳои ӯро таҳлил накардаам, фақат аз лаби дарёи ҷонбахшаш як қулт нӯшидаму санояш гуфтам, ки; Умри обат диҳад!» [133, 2].

«Атри гиёҳ» (1985) маҷмӯаи панҷуми Ҳақназар Ғоиб аст. Он барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ эҷод гардидааст. Ин маҷмӯа аз лиҳози ҳаҷм хурд буда, аз се қисм иборат аст ва 37 шеърро дар бар мегирад. Маҷмӯаи шеърҳои навбатӣ моро бо ватандӯстиву инсонпарварӣ, бо беҳтарин хислатҳои наҷиби инсонӣ: садоқату вафодорӣ, мубориза баҳри сулҳу осоиштагӣ даъват менамояд. Дар ин маҷмӯа шеърҳои «Суруди падарон», «Суруди ҷавонон», «Ёди модар» аз маҷмӯаи «Зинароҳ» такрор омадааст, зеро шеърҳои мазкур маҳз барои наврасону мактабиён мувофиқ гуфта шуда, аз ёд карданашон дар дили хонандагон ҳисси худшиносию худогаҳиро қавӣ мегардонад. «Ёди модар» муҳаббатномаи шоир ба модар буда, мисли модарнома аҳамият дорад. Шеърҳои ба сулҳу ваҳдат навиштааш ҳамчунон аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд:

пешина
аз 114
навбатӣ