Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

То бисабзад ба боғ сабзаю гул,
То шавад сабзу гулфишон ҳама даҳр.
Сулҳ бояд, бале, бале ба ҳама,
Бирасад то ба ормон ҳама даҳр [16, 11].

Калонтарин ва пурмуҳтавотарин маҷмӯаи шеърҳои шоир «Тоҷи офтоб» (1986) номида шудааст. Он баробари нашр шудан ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Маҷмӯа осори гуногунжанри шоирро дар бар гирифта, бо забони равону дилчасп навишта шудааст. Ба қавли муҳаққиқ А. Абдуманнонов, «…дар шеърҳои Ҳақназар байтҳои хубу марғуб ва аз лиҳози ифодаи бадеъ баланд ва образнок бисёранд, ки аз чашмаи эҳсосоти самимии шоирона об мехӯранд» [55, 45]. Маҷмӯа бо шеъри «Тахти сангин» оғоз меёбад:

Аз ниёгон аст бахте, ки марост,
Бахти ман дар дасти авлоди ман аст…
Ҷони ман побастаи меҳри Ватан,
Тоҷикистон рӯҳи озоди ман аст [10, 5].

Дар ин замина Абдулҳай Қаландар фикру андешаҳои худро чунин иброз доштааст, ки ҷолиби диққат мебошад: «Воқеан, Ҳақназар Ғоиб тасвирнигори нотакрор, борикбин ва боҳунар аст. Диди ӯ дар тасвир равшан, хаёлангез, жарф ва ҷолибу тозанигоҳона аст. Офтоб дар адабиёти классикӣ ва муосир саду як тасвир дорад, ки ҳар кадом рангу тобиши хоссаи худро дорост. Вале Ҳақназар Ғоиб дар тасвири офтоб тавонистааст, ки сухани худро ёбаду гӯяд. Ин тасвир ба тасвирҳои офтоби устоди сухан, тасвирнигори бузург Нодири Нодирпур наздикӣ кунад ҳам, вале ҳосили мушоҳидаҳои фардии худи шоир мебошад» [86, 7].

Саманди бодпои ту, ки аз нур аст боли ӯ,
Тани заррину ёли ӯ,
Саҳаргоҳон
Ба гардунҳои гардун мекашад шиҳа,
К-аз овозу садои нури сӯзон мекашад шиҳа,
Зи кунҷи Каҳкашон то Каҳкашон
Аз наъл зарринғунча резон мекашад шиҳа [28, 7].

Тасвири баъди ғуруби офтоб «пинакравии ҷаҳон», «чун шеъри баъди шикори сайд» ба «сукут» рафта, «чун донои пеши ҷоҳил сар ба нодонӣ зада», «чун бебарори дилфигоршуда», тасвири бедории ҷаҳон «аз шиҳаи аспи даванди боғурур»-и хуршед, «бо ханда бархестани ҷаҳон бо садои шиҳа»-и аспи хуршед воқеан, ҳама зебою нотакрорест, ки тез дар дил менишинаду дар хотир нақш мебандад. Маҳз, аз ҳамин тасвирҳо рассоми мониқалам З. Довудов илҳом гирифта, товуси офтобиро дар китоби «Тоҷи офтоб»-и Ҳақназар Ғоиб ба тасвир кашидааст, ки дар «Дарахти нур» дарахти ҳаёт лона сохта тухм мениҳад ва аз ин тухм фарзандони офтобӣ (шеъри «Фарзандони офтоб») ба дунё меоянду монанди нури офтобӣ ба дунё паҳн шуда, оламро офтобӣ мегардонанд. Воқеан, бо таъбири Усмон Назир «Ҳақназар... дар замини аҷдодӣ тухми нур мекорад» то сабзаи нур аз замин сар ба боло кашад» [133, 18].

пешина
аз 114
навбатӣ