Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Шеърҳои бахши «Ҳаққи шир» 13 адад буда, дар ин қисмат 16 рубоии тӯёна ва дубайтӣ низ гирд оварда шудаанд. Қисми охирини китобро боби «Достон ва манзумаҳо» ташкил медиҳад. Дар боби «Ғамшарикҳо»-и достони «Ҷони ташна» мардонагӣ ва шуҷоати Қаҳрамони тоҷик Сафар Амиршоев дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки то охирин лаҳзаи умри худ барои дифои Ватан фидокорӣ кардааст, тасвир ёфтааст. Шоир муҳаббати поки халқро нисбат ба Ватан ва фарзанди ҷасуру далери худ нишон медиҳад.
Адабиётшиноси эронӣ Алиасғари Шеърдӯст менависад, ки: «Ҷанг ва сулҳ аз дигар мазомини шеъри Тоҷикистон аст. Аз он ҷойе, ки Тоҷикистон ҳамчун дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ худ дар таркиби кишваре буд, ки яке аз ҷабҳаҳои аслии ҷанги ҷаҳонӣ буд, дар ашъори аксари шоирони ин кишвар дар бораи вайронгариҳои ҷанг, қаҳрамониҳои сарбозони шӯравӣ ва хуҷастагии сулҳ сухан ронда мешавад. Ҳатто бисёре аз осори шеърии барҷаста дар ҳамин мавзӯъ суруда шудааст» [149, 48].
Адибони ҷангро надида баъди ҷанг дар васфи диловарони тоҷик шеъру достонҳои зиёде эҷод кардаанд. Масалан, Муъмин Қаноат тавре майдони ҷангро тасвир кардааст, ки кас гумон мекунад, худи шоир иштирокчии бевоситаи ин набардҳост. Дар шеъри Лоиқ иштирокунандагон маълум намешаванд, вале даҳшати ҷанг ва ҳисси баланди ватандӯстии мардум эҳсос мешавад. Дар эҷодиёти Қутбӣ Киром бошад, ақибгоҳи ҷанг тасвир шудааст. Шоир ҳам иштирокчӣ аст ва ҳам мушоҳидагар. Шоирони тоҷик меҳру муҳаббати қаҳрамони лирикии худро нисбат ба Ватан нишон медиҳанд. Манзумаи «Ҳасрати Эйнштейн»-и Ҳақназар Ғоиб лаҳзаҳои ҳассоси пушаймонии донишманди бузург Эйнштейнро аз фоҷеаи бомбаи атомии ба Япония фиканда дар бар мегирад.
Маҷмӯаи ҳафтум «Чашми саҳар» (1989) 5 қисм буда, як силсила шеърҳо, 3 достон ва 41 дубайтӣ дорад. Достони «Сояҳои офтобрӯз» аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа яке аз калонтарин асарҳои шоир мебошад. Он як навъ парешонию озурдадилии миллатро дар замони шӯравӣ нишон медиҳад. Шоир Меҳру Хиёнатро ба ҷанг дароварда, дар охир Меҳрро дастболо менамояд. Баъди Инқилоби Октябр дар шароити нави таърихӣ парокандагии миллат аз нав оғоз ёфт. Ихтилофи тозаи ғояҳои мухталиф ошкору пинҳонӣ ба фоҷеаҳои нави миллат мубаддал гардид. Байни ҷаҳони наву куҳна ва бунёди ҷомеаи навин зиддиятҳои оштинопазир пайдо шуданд. Адиб дар мураккабтарин вазъият бунёди ҷомеаи нав ва азобҳои рӯҳии қаҳрамонҳои гуногунақидаро тасвир менамояд. Аз ин рӯ, мафҳуми садоқат нисбат ба он қаҳрамонон ва дунёи маънавии онон пок буда, вуҷуди онҳоро муҳаббат ба Ватан ва ҳамдиёру ҳамдеҳагон фаро гирифтааст. Онҳо устои деҳ Мирзо Набот, Зумратбӣ, Гулҷон, Содиқ паҳлавон ва дигарон мебошанд, ки аксаран баҳри ободии мулк содиқона хизмат мекунанд, ҳунар ва тавоноии худро, чун Мирзо Набот, ба манфиати халқу миллат нигарондаанд. Шоир бо чунин корномаҳо ба навиштани достон шурӯъ кардааст. Дар порае аз фасли «Шаби ялдо» («Сояҳои офтобрӯз») шоир ҳолати рӯҳӣ ва танҳоии Зумратбибиро барҷаста нишон медиҳад. Ин тасвир ҳарчанд манзаравӣ мебошад, аз пешомади даҳшати ҷанг хабар мерасонад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор