Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоир дар шеъру достонҳои ин маҷмӯа ишқу муҳаббат, табиати кишвар, инсон ва мақоми ӯ дар кайҳон, инчунин қаҳрамонони халқи тоҷик Сафар Амиршоев, Нина Дитченко, Воҳид Муъминовро васф кардааст. Дар ин маҷмӯа 118 шеъру достон, 18 суруду таронаҳои тӯёна, 27 бадеҳа, 16 рубоии тӯйи арӯсию домодӣ, 77 рубоӣ, 68 дубайтӣ гирд оварда шудааст.

Бахши «Тахти сангин» 36 шеърро дар бар мегирад. Мутолиаи шеърҳои «Зиндаем, бо Тоҷикистон зиндаем», «Шоҳин», «Тоҷи офтоб», «Тахти сангин», «Эй Ватан» хонандаро водор месозанд, ки оид ба ҳаёти гузашта, имрӯза ва фардои халқу миллат амиқ андеша ронда, мавқеи худро ҳамчун ватандор дар ҷомеа муайян созад. Чунончи:

Тоҷикистон тоҷ мехоҳад зи нангу номи мо,
Бовафо фарзандро хоҳон бувад айёми мо.
Соғари хуршед мебояд, ки бошад ҷоми мо,
По ба хоку сар ба авҷи чархи гардон зиндаем [10, 74].

Қисми дуюми маҷмӯа «Тулӯъ ва ғуруб» ном дошта, 11 шеърро дар бар мегирад. Қисми «Ба ҳама бахт муяссар бишавад» аз шеъру таронаҳои тӯёна иборат аст. Дар он шоир муҳаббати бепоёни қаҳрамони лирикиро ба ёру диёр, зебоиҳои зиндагӣ, лаҳзаи фараҳбахши ҳаёти ҷавонон, эҳсосоти рангини падару модарро дар лаҳзаҳои шодиангез баён менамояд. Хонанда дар шеърҳои «Пештахт», «Базми обод муборак бошад», «Тӯй дар ин хона муборак шавад», «Устои ланги сартарош», «Пероҳан ба бар кун, вақти рафтан аст», «Гиря макун» ва силсилаи зиёди рубоиҳои тӯёна ба ҷуз завқи бадеӣ гирифтан, ба анъанаҳои неки миллӣ ва маросимҳои тӯйи арӯсӣ шинос мешавад. Дар шеъри «Гиря макун» лаҳзаи ҳассоси хонаи падарро бо гиря тарк кардани арӯс тасвир ёфта, бо ҳаяҷони бузурги шоирона эҷод шудааст ва як навъ тасаллои дили духтарони ҷавон мебошад:

Хонае боз шавад хонаи ту, гиря макун,
Гул кунад бахт ба кошонаи ту, гиря макун.

Аксари чунин сурудаҳои Ҳақназар таронаи зебои тӯёнаи овозхонҳо шудаанд. Масалан:

Тӯй дар ин хона муборак шавад!
Шодии тӯёна муборак шавад!

Ё ин байтҳо:

Ба ҳама бахт муяссар бишавад,
Ҳар ҷавон соҳиби дилбар бишавад.


Ин тахт муборак бод!
Ин бахт муборак бод! [10, 109]

Дар маҷмӯа ҳамчунин шеърҳоеро низ дидан мумкин аст, ки дар васфи волидайн гуфта шудаанд. Дар шеърҳои «Барои падарам», «Ёдгор», «Модар», «Модаро, гиря макун», «Дуои хайр» ва ғайра муҳаббати ҳақиқии фарзандон ба волидон тасвир ёфта, лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти модарон ва меҳру муҳаббати онон ба фарзандон ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

пешина
аз 114
навбатӣ