Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Қисмати дигари китобро достони «Ҳасрати Фирдавсӣ» ва «Дардномае ба миллат» ташкил менамояд. Шоир ин достонро «Сипоснома ба «Шоҳнома»-и безавол» номида, онро ба ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшидааст. Достони «Ҳасрати Фирдавсӣ» дар пайравии «Шоҳнома» офарида шуда, чун достонҳои «Ҷони ташна», «Эҳёнома» ва «Ашки нур» порчаҳои алоҳидаи аз ҷиҳати мантиқӣ ба ҳам пайвандро дар бар мегирад. Яъне, достон ба сабки нави достонсароии устод Муъмин Қаноат шабоҳат дорад. Дар достон, аз як тараф, муборизаи Абӯиброҳими Мунтасир барои барқарор кардани сарзамини бузурги Сомониён ба тасвир кашида шавад, аз тарафи дигар, муборизаи аз ҷиҳати мантиқ ва мартаба кӯчаки миллат дар охирсадаи бист ҳадафи мулоҳиза қарор мегирад. Достон бо фоҷеаи яке аз қаҳрамонони асосӣ шоири девонаавзою ҳақгӯй Бек, ки аз ҷониби содадили қаҳрамонтарош парронда мешавад ва навҳаи кампири Шарифаи бемор, ки устухонҳояш ба оҳанги ароба хӯ гирифтааст, ба анҷом мерасад. Вале мисраъҳои охирини достон, ки чун сурудаи тозаи шоир аст, умедбахш навишта шудааст.
Манзумаи «Дардномаи миллат»-ро чун идомаи дигари хулосавӣ ба достони «Ҳасрати Фирдавсӣ» қабул менамоем. Дар ин манзума шоир ақидаҳои ба ҳам зид кардани миллатро, ки асосан кори бегонаҳост, бо танзи сахти газандамаҳкум карда, миллатро ба ҳамдилию якдигарфаҳмӣ даъват мекунад:
Дилатро бидеҳу диламро бигир,
Ки гирад вафо ҷойи шамшеру тир [14, 77 ].
Шоир манзумаи «Дардномаи миллат»-ро дар охири достони «Ашки офтоб» мустақил ҷо дода, дар баъзе дигар китобҳояш низ онро ворид намудааст . Ин ҷо ғояи асар ибратзо ва ҳикматбор буда, вазъи он рӯзҳои даҳшатангез ва ин рӯзи диёр ба ҳам муқоиса мешаванд. Шоир ба ин васила мардумро ба фикру андеша водор менамояд, то ки онҳо сабабу оқибатҳои ҳодисаҳои мудҳишро дарк намуда, пеши роҳи фоҷиаҳои нангинро бигиранд. Чунин тарзи сухангӯӣ дӯстию рафоқат, ваҳдат ва якдигарфаҳмиро дар дили хонанда қавӣ мегардонад ва эҳсоси бо ҳам ғамгусор будани ононро афзунӣ мебахшад.
Дар қисми дигари ин маҷмӯа шеъру ғазалу дубайтӣ оварда шуда, шоир як қисми онҳоро дар солҳои гуногун эҷод кардааст. Баъзе мазмуни ишқӣ, қисми дигар афкори орифона доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор