Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маҷмӯаи «Сурӯши Хатлон» (1998) ба истиқболи 1100-солагии Давлати Сомониён ва даҳсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табъ расидааст. Ин китоби шоир аз 5 қисм иборат аст. Достони «Сурӯши Хатлон» мантиқан як навъ идомаи фоҷеаномаҳои «Ашки офтоб», «Ҳасрати Фирдавсӣ» ва «Эҳёнома» буда, мазмунаш хонандаро ба худшиносию худогоҳӣ мебарад, аз фоҷеаҳои гузашта сабақ бардоштанро таъкид менамояд ва ин достон варақгардон аз ҳодисаҳои таърихи Хатлон бошад ҳам, ба тарзи шоирона қисмати Ориёни бузургро низ ҷамъбаст менамояд ва донистани он барои имрӯзи миллат қарзи ватандорист, чунки шоир дар ин манзумаи худ манфиати ватан ва ватандориро дар ҷойи аввал мегузорад.

Як қисми китоб пораҳои мустақил ва гулчин аз фоҷеаномаҳои таърихӣ буда, дар маҷмӯъ маҳорат ва истеъдоди хоси достонгӯӣ доштани устод Ҳ. Ғоибро намоиш медиҳад.

А. Сайфуллоев дар мақолаи «Фалсафаи эҳё ва бузургдошти Ватан» қайд мекунад, ки «Имрӯз дар замони истиқлол дастовардҳои пештараамонро, ки барои парвариши ҳисси ифтихори миллӣ созгорӣ доштанд, боз ҳам бояд қувват бахшид. Кӯшиши Ҳақназар низ дар офариниши образҳо назари хонандаро ба таърихи ибратбахш ва пурфоҷеаи Ватан нигаронидан аст, ки миллат дигар ба иштибоҳ роҳ накушояд. Барои он ки иштибоҳ рух надиҳад, пеш аз ҳама, ӯ бояд донад, ки худи он иштибоҳ чист. Ҳадафи асосии достонҳои шоир, аз ҷумла «Сурӯши Хатлон» ба ҳамин нуқта нигаронида шудааст» [118, 3].

Дар асар роҳ ёфтани манзумаи мустақилмаъно, вале аз ҷиҳати услуби достонсароӣ нав, созгор ба маънии умумии достон «Фоҷеаи аспи хатлӣ» дар дили хонанда бо шиддати драматикӣ, мусиқии фоҷеавии оҳангҳои калима ва таркибҳои ғуссаовар, мусиқии дохилии ҳазин, мазмунҳои эҳсосӣ ва шӯру қиёми тоза бармеангезад.

Қисми дигари китобро шеър, ғазалвора, дубайтӣ, тавсифномаҳои ба устод Лоҳутӣ, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдуқодир Маниёзов ва Соҳиб Табаров бахшида шуда, ташкил медиҳад.

Шеърҳои маҷмӯаи «Таронаҳои моҳтобӣ» (2001) – «Эмомалӣ Раҳмони мо», «Ватан», «Дӯстӣ», «Эй ҳамватанон, табрик», «Силсиладор», «Хуш омадед» дар ҷашнҳои истиқлолияти шаҳру навоҳии ҷумҳуриямон аз тарафи ҳофизон ба оҳанг дароварда суруда мешаванд. Шоир дар ин китоб аз ишқи Ватан, ишқи поки инсонӣ таронаҳои сулҳу ваҳдат, дӯстию бародарӣ сурудҳои зиёдеро ғунду гирд намуда, ба ихтиёри хонанда супурдааст. Аз ин силсила ду порчаро мисол меорем:

пешина
аз 114
навбатӣ