Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҷо аслан шеър хотима ёфтааст, вале талаботи замон густурдатар аст ва он боз зикри дигар маонӣ мехоҳад, ки он ба калимаҳои «бедорӣ аз хоби гарон», «рӯзи сафед» ва «чашми умед» тааллуқ дорад:

Боз дастам бидиҳад бахти баланд,
Боз бедор шавам аз асари хоби гарон,
Субҳҷӯро бидиҳам рӯзи сафед,
Зиндагиро бидиҳам чашми умед [10,11].

Хушбахтона, Ҳақназар Ғоиб чун суханвари ҳассосу борикбин вазифаи ҷонии худ донистааст, ки ба таъсири сухани обдор ба «гаҳвораҷунбон»-и замин – Инсон гӯшзад намояд, ки худро дар бобати бақои доимии замон ва зиндагӣ масъул бидонад.

Шеъри Ҳақназар аз сарчашмаи файёзе ибтидо мегирад, ки дар он маъниҳои тоза ва андешаҳои бикр амиқ реша доранд. Шоир домани суханро густурдатару маъниашро пуртаъсир мегардонад, то миллат битавонад тавассути чунин ашъор гузаштаю имрӯзаи худро ба маърази андеша ва муқоиса бигузорад ва рӯҳи худшиносиро қувват бахшад.

1.3. Мавқеи достон дар ашъори шоир

Достон таърихи қадима дошта, аввал дар фолклор ба вуҷуд омада, баъд ба адабиёти китобӣ гузаштааст. Он эпикӣ, лирикӣ ва лиро-эпикӣ мешавад. Достон асари манзумест, ки воқеаи калон ё қиссаю воқеаи нисбатан хурдро дар бар мегирад. Шоир дар достон дар воқеаҳои хурду калон образҳои мукаммал ё персонажҳоеро ба вуҷуд меорад, ки аҳволи ботинӣ, рафтору кирдор ва рӯҳияи онҳоро тасвир менамояд.

Раҳими Мусулмониён дар китоби «Назарияи адабиёт» достонро корномаи барҷастаи қаҳрамонии ҳақиқӣ донистааст [102, 142]. Онро дар миёни халқҳои мутамаддин қисса, саргузашт, ҳикоя низ гуфтаанд. Достон дар адабиёти классикии тоҷик асосан дар шакли маснавӣ таълиф меёфт.

Достонҳои шоир Ҳақназар Ғоиб дар ин жанри адабӣ мавқеи махсус дошта, мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегиранд . Ӯ ба навиштани достон аз солҳои 80-уми садаи XX шурӯъ кардааст. Аввалин достони вай «Ҷони ташна» унвон дошта, баъд достонҳои «Ғамшарикҳо», «Шоҳномаи умр», «Эҳёнома», «Сояҳои офтобрӯз» ва ғайраро иншо менамояд. Достони «Ҷони ташна» аз таҷрибаи аввал ҳамчун «Сурӯши Сталинград»-и М.Қаноат дар жанрҳои алоҳидаи ба ҳам алоқаманд (гуфтугӯи худ ба худи ботинӣ) навишта шудааст. Ҳамон замон баъзе порчаҳои достон дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расида буданд. Мо достони мазкурро бо асари устод М.Қаноат «Сурӯши Сталинград» муқоиса карда, ба чунин хулоса расидем, ки агар достони устод Қаноат бо ибораю таркибҳои пуртаъсир лавҳаҳои даҳшатбори ҷанги зидди фашизмро дар бар гирифта бошад, достони «Ҷони ташна» бо таконҳои дарунӣ тақдири қаҳрамон Сафар Амиршоевро дар ин ҷанги мудҳиш тасвир мекунад. Достон ба ақибгоҳи дур ба сарзамини Тоҷикистони азиз, алалхусус зодгоҳаш Заргару фарзандони он маҳал пайванди ногусастанӣ дорад. Тамоми нерӯи инсонӣ ва эҳсосоти ботинии қаҳрамон барои муҳофизати ақибгоҳ ва осоиштагии он равона шудааст. Дар достон деҳаи дурдасти Заргар чун як гӯшаи Ватани азиз пешорӯ меояд, ки ба фронт аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам ҷисман иртибот пайдо кардааст. Сафар Амиршоев Ватани бузургро дар симои Заргар ва фарзандону оилааш, шахсони номдоре чун Бобо Юнус пешорӯ оварда, ҷонфишонӣ менамояд.

пешина
аз 114
навбатӣ