Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Муаллиф дар ин достон ва дар дигар достонҳо чун устодон Муъмин Қаноат, Эдуардас Межелайтис, Марсинкявичюс ва дигарон анъанаи достоннависии классикии сужасозиро риоя накарда, бо услуби нав достон навиштааст. Порчаҳои достон аввал дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда, аз тарафи аҳли қалам хуш пазируфта шуд.
Достони «Эҳёнома» дуюмин иқдоми шоир дар офариниши усули нави достоннависӣ мебошад. Онро бо банду бастҳои шоирона шабеҳи достони «Ҷони ташна» гуфтан мумкин аст.
Ҳақназар Ғоиб то он замоне, ки достон навишт, манзумаҳои «Қатраи офтоб», «Ҳасрати Эйнштейн», «Суруди қаҳрамон», «Афсонаи ҳафтдодарон», «Шоҳномаи умр» шеърҳои бузург–ҳаҷме чун «Тоҷи офтоб», «Зинароҳ», «Борбад», «Хатои Фирдавсӣ», «Ситораҳо», силсила шеърҳои «Фарзандони офтоб», «Тахти Сангин», «Аҷдодони ман», «Навои бародарӣ»-ро ба табъ расондааст. Яъне ин кӯшишҳо дар навиштани достон заминаҳое шудаанд, ки шоир минбаъд достонҳои «Эҳёнома», «Сурӯши Хатлон», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Сояҳои офтобрӯз», «Ашки офтоб» ва ниҳоят достонгунаи «Дар таҷаллии офтоби Аллома Иқбол»-ро иншо менамояд.
Дар миёни достонҳо «Эҳёнома» (1988) бо шеърияти баланд, баёни равшану зебо, мӯъҷазии тасвир, диди тоза, сӯзиши дарди дарунӣ ва эҳсосоти баланди шоирона, порчаҳои пурдарди ҷонгудоз, наҷвои ҷигарсӯзи таърихӣ аз сарнавишти қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бар асари ҳуҷуми муғул ва пирӯзии рӯҳи шикастнопазири ин қаҳрамон ҷойгоҳи хосса ва нотакрор дорад. Таъсири ин достон баъд дар дигар шеъру достонҳои ватандӯстонаи шоир нақши муҳим ва амиқ боқӣ мегузорад.
Мавзӯи таърихӣ дар осори адибони тоҷик С.Айнӣ, Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, М.Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир ва дигарон мавқеи сазовор дорад. Ҳақназар ҳам домани ин мавзӯъро дар эҷодиёти худ ба таври ҳоса густариш дода, манзумаю достонҳои «Ҷони ташна», «Сояҳои офтобрӯз», «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Сурӯши Хатлон», «Шоҳномаи умр», «Қатраи офтоб», «Ҳасрати Эйнштейн» ва ғайраро дар ин мавзӯъ бахшида навиштааст.
Шоир дар оғози достони «Эҳёнома» илҳом аз «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод С.Айнӣ ва хотираи бузурги ӯ эпиграф дорад. Ин очерк дар шароити ҷанги олмон барои рӯҳбаландии мардум ва ҷанговарони тоҷик бо мақсади боло бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо навишта шудааст. Вобаста ба вазъият диққати устод Айниро асосан корномаи таърихии Темурмалик ва лаҳзаҳои фоҷеаи он бо рӯҳи романтикӣ фаро гирифтааст. Айнӣ ҳамчунин миллати тоҷикро аз сарнавишти таърихиаш низ огоҳ менамуд, ки дар давраҳои муайян ба чи фоҷеаҳои мудҳиш печидааст ва миллат дар ин росто бори дигар аз нав рӯҳ гирифтан ҳақ дорад, ки гузаштаи худро дониста, аз нав шуҷоату тавонмандии гузаштагонро идома бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор