Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Бале, нидо аз сарнавишт меояд, ки миллат истиқлоли худро чун обу ҳаво, ки ба инсоният зарур аст, бояд парастор бошад. Истиқлол нафаси озодист, ки инсон бе он вуҷуд дошта наметавонад. Шахсиятҳо аз ҳуқуқу озодии худ маҳрум, бе фарру шукӯҳи ватандорӣ, бе обу шаробу офтоб, бе китобу дафтари аҷдод, ниҳоят бе забони худ, як музтар, ғарибгӯри дармондаю бенавои дару даргоҳи таърих боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, талошҳои Ҳақназар дар замони Ҳукумати Шӯравӣ бо ин достон барои расидан ба худшиносию худогоҳӣ, озодагию озодандешӣ, такони ботин барои шинохтани миллат ва ҳушдор шудани ӯ аз вуқӯъоти дунёи абарқудратон барои ғояи бузургдошти истиқлол, озодии озодазодагон, ба тозаандешӣ раҳнамун сохтани миллат ва ҳоказо кӯшиши умедбахш баҳри баёни афкори тоза ва пайдо кардани рӯҳи эҳёгарона мебошанд.
Орзуи истиқлолпарваронаи шоир бо он эҳёгарӣ, ки дар ботин онро бо хуни дил об дода, ба самар расонданӣ мешуд, бо эълони Истиқлолияти Давлати Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.
Ба ин монанд ғояҳо дар нуктаҳои бо боварию эътимод ва қавирӯҳона баёндоштаи шоир дар достони «Эҳёнома», барои мавқеъшиносию худогоҳии миллат дар замони нав, бо ҳушдордиҳиҳои ӯ аз пешомадҳои нохуш метавон як падидаи ҳақиқатан ғайри одӣ дар он рӯзгорон ба қалам дод. «Чун китобҳои ашъори Ҳақназарро варақ мезанем,–навиштааст А. Самад, – нидоҳои ҳушдору изтироболуда ба гӯш мерасанд аз пешомади баду нохуш. Таваҷҷӯҳ кунед: «Ҳой мардум»! Ҳуш доред: дасти инсон ба гулӯи якдигар афтода чун дарранда ба гулӯи оҳу. Бале, одам аст, ки якдигарро мекушад, на дарранда даррандаро. Ҳой мардум!...[120, 97]
Ки аз бадсиголони одамфурӯш,
Ҷаҳон ёд дорад ба оҳу хурӯш,
Шуда ахтари шаъни халқе хамӯш,
Батар он бувад, к-ин ҳама иштибоҳ.
Шуда асрҳое ба мо ёри роҳ.
Ба пастӣ сипас мо чаро тан диҳем?!
Чаро тан ба шамшеру куштан диҳем?!
Чаро сар ба фармони душман диҳем?!
Ба худе наарзад ҳазорон кулоҳ,
Ману ханҷару қӯрагоҳу сипоҳ, [8, 230 ]
Агар нест бар ҷо каси ҳушманд,
Нагардад кас аз миллате арҷманд [8, 234].
Худоӣ Шарифов дар мақолааш «Тараннуми ҳаёт» навиштааст, ки «дар достони лирикӣ мавҷудияти образи марказӣ дар шакли образи эҳсосшаванда ё дар шахси қаҳрамони лирикӣ ва ё бо роҳи дигар шарти зарурӣ будааст» [142, 119]. Аммо дар асарҳои дигари Ҳ.Ғоиб чунин образи марказӣ ва ҷамъбасткунанда нест. «Эҳёнома» аз рӯйи мақсади шоир нидои хоку об ва тамоми афроди ҷамъият бо корномаи азими Тоҷикистон мебошад. Барои он ки зарурати ин сурӯшҳо, нидоҳои замини осмонбӯс асоснок шаванд, шоир хотираҳои Темурмаликро дар шакли мансур меорад. Дар достони нави шоир қисматҳои ҷудогона байни худ робитаи муайяне доранд ва ин робитаҳо инкишофи пай дар пай ва шиддати ҳиссию шоиронаи воқеаю ҳодисаҳо мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор