Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Замину замона пур аз оташ аст,
Фалак пири фартути заҳматкаш аст.
Адӯ по ниҳода ба хоки Аҷам,
Шикаста камони бани Ораш аст [14, 52].

Дар адабиёти муосири тоҷик замин ба маънии хоки Ватан истифода шуда ва муътабар дониста мешавад. Тасаввуроту анъанаҳои қадим шояд ҳамчун василаи инкишофи ин мавзӯъ хизмат кардаанд. Лекин образи Замин дар достони Ҳ.Ғоиб маънии васеътар ва дар айни ҳол мушаххастаре дорад. Замин дар тасвири Ҳ.Ғоиб ба мисли дигар образҳои ашъори ӯ аз эҳсоси бевоситаи зебоии муҳити табиӣ иборат шудааст. Замин образи ҷамъбасткунандаест, ки шоир ба воситаи он кайфияти ҳаёти одамӣ, сарчашмаи нӯшу неъмат, макони пой ниҳоданҳо, ҷойи афтидану хестан, макони дарду ҳасратест. Дар ин маънӣ, ба ақидаи шоир, Замин шарики шодию хурсандии инсон аст. Вай ба инсон–тарбиятёфтаи худ муроҷиат мекунад, самароти замин зиндагӣ ва оромист, вале ин оромиро хоинон вайрон кардаанд. Андешаю хаёли шоир хонандаро ба сӯйи андешаҳо ҳидоят мекунад. Ҳамаи воқеаю ҳодисаҳо дар тағйироту дигаргунӣ тасвир шудаанд. Яъне шоир ба воситаи тасвири Замин ҳуҷуми душман, лаҳзаи аввали ҷангро тасвир карда, ба тавсифи ягонагии хоку оби Ватан ва фарзандони он, ки ба муҳофизати Ватан бархостаанд, баён намудааст. Оҳанги асосии бобҳои достон муборизаи ҳаёту марг, тантанаи ҳаёт, мубориза барои наслҳои оянда мебошад. Шоир дар шадидтарин лаҳзаҳои ҷанг нишонаҳои ҳаёти ояндаро дидааст. Муборизаи халқ барои хунрезӣ нест, вай баҳри ҳаёт, баҳри саодати инсон, баҳри ояндаи он ва фарзандони инсон мебошад. Лекин ҷанг маънии садҳо ормонҳои барбод рафта, хушкидани садҳо гулҳои ношукуфта, шикастани дилҳои пурорзуро дорад. Онҳое, ки барои ҳаёту мамоти худ, барои зану фарзанди худ, барои зиндагии осудаи инсонҳо мубориза мебаранд, тақдири онҳо боз бештар фоҷиа дорад, чунки онҳо ҳифзи инсоният, беҳбудии зиндагиро вазифаи асосии худ медонанд. Бузургии инсон дар он аст, ки барои беҳбудии ҳаёт на фақат мубориза мебарад, балки ҷони худро ҳам нисор мекунад.

Мазмуни «Панди Темурмалик» ва дигар қисматҳои лирикии достон нишон медиҳанд, ки Ҳ.Ғоиб то ба риштаи назм даровардани достони «Эҳёнома» на танҳо китобҳои таърихи гузашта, балки достонҳои эпикии шуарои гузашта, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Фирдавсиро мутолиа намуда, аз маҳорати суханофаринии ӯ устокорона истифода кардааст.

пешина
аз 114
навбатӣ