Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
2.1. Қаҳрамони лирикии шоир ва ситоиши ишқу муҳаббат
Инсон ва ҷаҳони маънавии он асоси асари лирикиро ташкил медиҳад. Асари ишқӣ муқаддам ҷаҳони ботинии инсон, таассуроти фардии ӯро тасвир менамояд. Лирикаи ишқӣ ба эҳсос ва олами маънавии инсон сару кор дорад. Хонандагон асарҳои лирикии ишқиро хонда, хислатҳои инсонро меомӯзанд, нозукиҳои рӯҳи ӯро шинохта, аз рӯйи меъёри баланди ахлоқӣ ба рафтору кирдори худ баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, шеър ба ақлу дили одамон таъсир мерасонад. Ашъори ишқии Ҳақназар Ғоиб намунаи комили ифодакунандаи сухани ҳиссии таъсирбахш ва забони эҷодиёташ таҷассумгари эҳсосу андешаи инсони ва бадеии ӯст. Шоири лирик ба олами атроф аз даричаи дили инсон менигарад. Ишқ метавонад фикру зикри инсон, ҳаяҷони ботинии ӯро падид орад. Диди шоир амиқбуда, ҳодисаҳои хурду бузург аз нигоҳаш пинҳон намемонад. Муҳимтар аз ҳама сарнавишти ботинии инсон, андешаю ормонҳои он дар маркази диққати ӯст. Агар бигӯем, ки шоирро ишқ шоир кардааст ва дарди ишқ ҳамаи шоиронро ҳамвора ҳамроҳ будааст, иштибоҳ нахоҳем кард.
Ҳақназар Ғоиб ба ин мавзӯъ бештар таваҷҷуҳ карда, худро шоири ишқсаро мешиносад ва медонад, ки дар ин мавзӯъ дар тӯли таърих баҳсҳое сурат гирифта ва то имрӯз идома дорад. Шоир асосан ишқи занон, муҳаббати инсон ба Ватан, ҳаваси илм омӯхтанро тараннум карда, хосиятҳои лирикиро меафзояд.
Мунаққид ва адабиётшиноси барҷастаи рус В.Г.Белинский навиштааст: «Лирика ба воситаи эҳсосот қонунҳои воқеияти ҳаёт, ки муҳити зиндагонии адибро фаро гирифтаанд ва ҷаҳони ботинии ӯро нишон медиҳанд, инъикос мегардад» [72, 175].
Мавзӯи ишқ дар адабиёт «мавзӯи ҷовидонии ҳаёт» аст. Шояд адиберо пайдо кардан муҳол бошад, ки дар ин мавзӯи пурэҳсос асар таълиф накардааст. Адабиёти форсии тоҷикӣ саросар тараннумгари ишқу муҳаббат нисбат ба инсону зиндагӣ ва илоҳист. Он дар адабиёти форсии тоҷикӣ мавқеи хосе дорад. «Ишқ дар шеъри тоҷикӣ, – менависад Алиасғари Шеърдӯст,– ҳамчун шеъри аксари миллати ҷаҳон мавзӯи барҷастааст, ки ағлаби шоирон бад-он иқбол нишон медиҳанд» [149, 48].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор