Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар адабиёти ҳазорсолаамон шоирони ба тариқати тасаввуф гаравида аз вожаи «ишқ» фаровон кор гирифта, онро барои тавсифи ҳоли сӯфӣ дар роҳи расидан ба ваҳдати вуҷуд, дар сафари ирфонии худ то расидан ба Худо мавриди истифода қарор медоданд. Дар ин ҷо порчае аз офаридаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамчун намуна меорем, ки баёнгари фикри боло аст:

Шарҳи ишқ ар ман бигӯям бардавом,
Сад қиёмат бигзарад в-он нотамом.
Дарнагунҷад ишқ дар гуфтушунид,
Ишқ дарёест, қаъраш нопадид [10, 128].

Ҷавонӣ айёми ишқварзист. Ишқ зодаи меҳру муҳаббат аст ва он метавонад ба ҳар навъ зуҳур кунад. Лирикаи ишқӣ дар эҷодиёти шоироне ба монанди Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Ҳабибулло Файзулло, Гулрухсор Сафиева, Озод Аминзода ва дигарон серистеъмол буда, дар назми муосир мавқеи устувор дорад.

Шоирони мо барои ибрози сӯзи дили худ бештар аз меҳру муҳаббати шахсӣ, аз нахустин ишқ, аз барору нобарориҳои кори ошиқон, аз ҷабру ҷафои маҳбуба сухан мегӯянд. Баъзе дар эҷод намудани лирикаи ишқӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овардаанд. Хусусан лирикаи ишқии Ҳақназар Ғоиб аз ин ҷиҳат ҷолиби диққат мебошад:

Бе рӯйи туям даври ҷавонӣ гузарад,
Зебоии фасли зиндагонӣ гузарад.
Ин умри азиз мисли ту шӯхӣ кунад,
Бо шӯхии хеш ногаҳонӣ гузарад [10, 156].

Лирикаи ишқии шоир таъсирбахш, ҳузнангез, дилфиреб буда, ишқи инсониро тараннум менамояд. Ишқ ҳастии олам, равзанаи нур, расидан ба субҳ ва зебоии дунёро эҳсос кардан мебошад, ишқ барои маъшуқ чунҷон дар бадан шинохта мешавад. Дар ҳар ишқия меҳру муҳаббат, самимияту дилдодагӣ нуфуз менамояд. Садоқату вафодорӣ, дилҷӯиву дилрабоӣ, аҳду паймон, дилдодагиву ҷонпарварӣ асоси ғазалиёти шоирро ташкил менамоянд.

Шоир дар ҳар шеър қаҳрамони лирикии худро бо шаклу услуб ва фикру ақидаҳои тоза тасвир месозад. Шоир ишқи поку самимӣ ва сафобахши дилҳоро ба тасвир меорад. Ӯ дар ҷаҳони маънавии ошиқон оҳанги худшиносиву худоҷӯӣ ва такопӯи рӯҳиро нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат, аксари шеърҳои ишқияш давоми ҳамдигар буда, яке дигареро аз ягон ҷиҳат пурра ва саҳеҳу равшан месозад. Мавзӯъҳои ишқии тасвиркардаи Ҳақназар Ғоиб, Ошиқу Маъшуқи эҷодиёти ӯ ба образҳои ишқии классикони форсии тоҷикӣ қаробат доранд.

пешина
аз 114
навбатӣ