Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар тасвирҳои ошиқонаи Ҳақназар Ғоиб, ки ҳамрадифи образҳои ишқии гузаштагон мебошанд, баъзан оҳанги нозу истиғно, худхоҳию чизпарастӣ дида мешавад. Бо вуҷуди эътирози ошиқон шайдоии ҳамдигарӣ, муҳаббати ҷовидонаи дилдодагон боқӣ мемонад.

Ошиқ мубориз аст, дар роҳи расидан ба дилдодаи худ пайваста мекӯшад ва ҷидду ҷаҳд менамояд ва аз нобарории ишқу ноомади тақдир нолаву фарёд накарда, чун Лайливу Маҷнун сар ба саҳро намезанад. Ин ошиқ ба ҳаёт назари нек дошта, маънавиёташ пурсарват мебошад, сифатҳои ҷавонони имрӯзаро дар замири худ ғунҷоиш додааст:

Дар кишвари ошиқӣ сафар кардам боз,
Раҳтӯшаи меҳри ту ба бар кардам боз.
Бар қасди аҷал ба ту шудам ошиқтар,
Ишқам ба раҳи аҷал сипар кардам боз [10, 159].

Ҳақназар Ғоиб дар баробари муҳтавои ғазалҳои классикон рӯҳи замони мо, набзи зиндагии имрӯз, ҳиссиёт, ҳастии иҷтимоӣ ва маънавии ҳамзамононро пурра тасвир менамояд. Дар ашъори ошиқонаи ӯ ҳиссиёти инсони зиндадилу ҳаётдӯст, вафодор ва ба аҳдаш пойдор тараннум мешавад. Шоир чунин эҳсосотро бештар дар муҳити табиат бо ёду хотираҳо иброз медорад.

Ишқ ва сӯзу гудози он ба масъалаҳои бузурги замон роҳ мекушояд, дили меҳрпарварди қаҳрамонро бо ғояҳои олӣ ба масъалаҳои бузурги умуми инсонӣ алоқадор менамояд. Баъзан дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб умри кӯтоҳи ишқ боиси баланд шудани оташи хашму ғазаб ва аламу ҳасрат мегардад:

Имрӯз зи назди ман гулафшон рафтӣ,
Бо нашъаи ҷонбахш баҳорон рафтӣ.
Пероҳани ҷон дар қадамат чок задам,
Бо он ки зи кӯйи ман ту хандон рафтӣ [10, 158].

Ҳақназар ба ишқварзиҳои наву тоза, осори булҳавасию ноустуворӣ, ки дар қаҳрамони лирикӣ эҳсос мешавад, бояд назари муайян дошта бошад, то ки моҳияти масъала аз нигоҳи худи шоир равшан шавад ва дар адабиёт вазифаи тарбиявию ҷамъиятии худро иҷро намояд. Аз ишқ ба осонӣ даст кашидани қаҳрамони лирикӣ нишонаи каммеҳрию бемеҳрӣ ё фасодии ахлоқ аст, ки дар ҳаёти ҳамзамонон хеле зиёд ба мушоҳида мерасанд. Қайд кардани рӯҳияи қаҳрамони нав ҳанӯз кам аст, ба ин аҳвол баҳои ғоявию эстетикӣ додан лозим аст, зеро маҳз ишқ сарчашмаи меҳру муҳаббат аст ва онро метавонад, бо ҳар навъе иншо кунад. Чунончи:

пешина
аз 114
навбатӣ