Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Тоқате бояд таги санги гарони зиндагӣ,
Бишканӣ то нони беминнат зи хони зиндагӣ.
Гардиши сахти фалак дар гаҳ ба мо панде медиҳад:
«Дар такопӯ бош, марди сахтҷони зиндагӣ» [13, 19].
Ҳақназар Ғоиб инчунин мазмуну моҳияти мардонагӣ ва умуман моҳияти зиндагии инсонро дар хизмати софдилонаю беминнат бар нафъи инсон ва умуман ҷамъият медонад. Баъзан образи асосӣ мебинад, ки синнаш ба ҷойе расидаасту мақсад тамом иҷро нашудааст…Орзуи баргаштан ба сӯйи замони кӯдакию беғамӣ хоси қаҳрамони бисёр шоирони мост. Солҳои кӯдакию навхатии онҳо лаҳзае аз ёдашон дур намеравад. Ҳақназар замоне ҷавониашро ба дилдораш бахшидааст ва имрӯз, ки ёр бевафоӣ мекунад, ҷавониашро аз ӯ пурсон мешавад. Вале ҳайҳот, ӯ кӯдакиро наёфт ва чархи таърих ин бор ҳам ақиб нагашт. Солҳои бачагию бехудӣ акнун танҳо дар хаёлҳои ширин боқӣ мондаанду бас:
Аввалин ишқи ман чу афсона
Ҳар гаҳе ки зи ёд мегузарад.
Духтаре хирмани умеди маро
Бод карда, чу бод мегузарад… [8, 104]
Ба ақидаи образи асосӣ, одамӣ бояд умри даргузарро ғанимат шуморад, онро барои аҳдофи бузургу баланд, ба хотири некномию накукорӣ сарф намояд, то аз хеш барои пасояндагон ному кори нек ба ёдгор гузорад. Чунки инсонро пас аз марг танҳо амали нек зинда медорад. Аз ин рӯ,мебояд, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи амалҳои неки инсонӣ бошем. Инсон аслан на барои хӯрду хоб, балки барои иҷрои корҳои бузург офарида шудааст ва ин масъулияти худро бо вуҷуди ҳар шомеро саҳаре ҳаст, ҳамеша дар ёд дошта бошад:
Ҳар шом бувад агарчи поёни саҳар,
Истиораи субҳ дорад аз рӯз асар…
Аз вусъати шоҳроҳи фардои бузург
Пайғом диҳад хандаи хуршеду қамар [10, 158].
Хулоса, Ҳақназар Ғоиб дар ишқияҳои худ анъанаи шеъри классикиро бо маҳорат идома дода, ба воситаи ин мавзӯъ ақидаҳои инсондӯстӣ ва ватандӯстиро баён намудааст. Қаҳрамони лирикии шоир Ҳақназар Ғоиб ба масъалаи зиндагӣ чуқур ва ҳаматарафа назар кардааст, моҳияти аслии ҳодисаҳои зиндагиро фаҳмидан ва ба ҳамзамонон кушодан, ҳар факти ҳаётро ба таври худ таъбир кардан мехоҳад. Ҳамин кӯшиши амиқназарӣ ва тозабинӣ боиси қувват гирифтани оҳангҳои фалсафӣ дар ашъори ӯ шудааст. Дар поён бояд гӯем, ки чаманистони ашъори Ҳақназар Ғойиб аз гулбуну рустаниҳои атромезу дилнишин оростааст, ба чашми дӯстдорони шеъру адаби тоҷик бознамоёндани онҳо амри зарурист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор