Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

2.2. Мавзӯъҳои инсонпарварӣ ва ватандӯстӣ

Адибон зиндагиро дар ҳар ранг мебинанд. Бархе дар ҷавлонгоҳи зиндагӣ нишаста, тазоду муқобала бинанд, дигарон ба таъриху зиндагӣ доварӣ менамоянд. Самимият дар аъмоли неку хайрандешии инсон зоҳир мешавад, аз ӯ гуфтори неку кирдори нек ва пиндори нек бармеояд. Дар зиндагӣ гоҳо тақдир касро бо шахсоне рӯ ба рӯ месозад, ки роҳи тайкардаи эшон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Ҳақназар Ғоиб, аз як сӯ, бо таъсири бузургони гузашта ва аз сӯйи дигар, бар асари устодони сухани муосир С.Айнӣ, М.Турсунзода, М.Қаноат ва дигарон ба қудрату тавоноии адибон ишора карда, худ низ онҳоро бо муҳаббат тараннум менамояд. Ӯ дар «Ниёиш» ном шеър аз фасли «Фарзандони офтоб» таҷрибаи устодон М.Турсунзода ва М.Қаноатро эҷодкорона дунболагирӣ карда навиштааст:

Сухан ҳам умр, умри ҷовидон дорад,
Ҳавояш ҷовидон гармии ҷон дорад…
Агар мард аст маргафкан,
Ба имон аст,
Ба имон аст.
Ба виҷдон аст [8, 151].

Ӯ гоҳ ба таъкид мегӯяд: Сухан аксар вақт сари саркашонро паст ва ғосибону аҷнабиёни забткорро мутеъ мегардонад. Он ба ҷисму ҷони инсон дармон ва умри абад мебахшад. Шоир бо шеъри «Ниёиш» хулосаҳои оид ба қалам («Калом») баёнкардаи устод М.Турсунзодаро тақвият дода навиштааст:

Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам,
Қалам гӯяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти ҳар зарифе ман зарифам.
Ба дасти покдил афтам, тамизам [47, 21].
Сухан теғ аст,
Теғи тезу урён аст.
Агар ӯро занӣ ноҷо,
Сари сабзат гаравгон аст.
Вале бо ин ҳама ҳаргиз сухан аз баҳри куштан нест,
Барои мурдаҳоро зинда кардан бояд онро гуфт,
Барои зиндаҳоро зиндаи поянда кардан бояд онро гуфт [8, 52]

Устоди каломи бадеъ худ инсони комилу бофарҳанг буда, ашъораш низ саросар ба ин мавзӯъ ғӯтавар шудааст. Ба қавли ҳамсабақи шоир, Гурез Иброҳимов, «ӯ ҳеҷ вақт ҳавобаланд набуд ва кибру ғурур надошт, ҳамеша инсони одӣ, бамеҳр, хоксор ва бо хурду калон муносибати як хел дошт. Бо ҳамдеҳагон низ муносибати хуб дорад, ҳама ҳурматашро ба ҷо оварда, дар маъракаҳои хеш даъват мекунанд. Ҳамин хислатҳои хуб аст, ки ба дараҷаи Шоири Халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст» [73, 3].

пешина
аз 114
навбатӣ