Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа
Дар ашъори шоирони тоҷик симои Ватану фарзандон, ягонагӣ ва ҷудоинопазирии онҳо, муҳаббати фарзандон нисбат ба Ватан ва дар айни замон муҳаббат ба одам, ба ҳар чизи зебо басо барҷастаю муқтадир тасвир шудааст. Доираи мавзӯи Ватан торафт васеътару ҷуқуртар ва образи он ҳамон андоза пурқувват шуда истодааст. Ватан дар эҷодиёти онҳо рангу бӯй ва рӯҳи тоза касб менамояд.
Имрӯз шоирони тоҷик роҳу услуб ва воситаҳои тоза ба тозаи тасвири тарафҳои гуногуни фаъолияту амалиёт ва ҷаҳони маънавиёти инсонро кашф менамоянд. Пайваста ба он рӯҳу оҳанги умумибашарии шеър хеле баланд шуда ва ин тағйироти сифатӣ, дар ҳақиқат, дар назми имрӯзаи мо воқеаи муҳимму хурсандибахш аст.
Ҳақназар Ғоиб устоди моҳири тасвири лирикии ҳаёт ва ғояҳои олии ватандӯстона мебошад. Аз ин рӯ, лирикаи ҳаёт аз доираи муқаррарии мафҳум берун рафта, лиризм яке аз хусусиятҳои барҷастаи эҷодиёти устод шудааст. Назми шоир тадриҷан аз оҳанги назми куҳна озод шуда, бо мундариҷаи бою баланди худ, бо тасвири амиқи ҳаётӣ, вусъати муҳокима, бикрбаёнии мутафаккирона, санъати бойи бадеӣ ва зебоию услуби ба худ хоси ҷозибадор пурраву қатъӣ ба реализми воқеӣ даромада, мақому симои шоирии ӯро дар адабиёти муосири тоҷик муайян намуд ва баланд бардошт.
Ватан, эй тахти шаъну тоҷи заррини ватандорон,
Ватан, эй ному нанги ворисони Давлати Сомон!
Ватан, эй охирин дороии чун об,
Ватан, эй охирин дороии чун нон! [14, 92]
Дар лирикаи Ҳақназар Ғоиб мазмунҳои ватандорию ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, иззату икроми ҳамдигар аз ибтидои фаъолияти эҷодии ӯ ба назар мерасад. Ифтихор аз ватану муҳаббат ба хоку оби ин диёр ва тасвири манзараҳои дилкаши ин сарзамини биҳиштосо мавзӯи асосии ашъори Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро ташкил медиҳад:
Барои он ҳама хурду бузурге, ки ватандор аст,
Ватан монанди қибла дар дил аз ихлос саршор аст,
Барои он ҳама хурду бузурге, ки ватандорӣ
Барояш аввалину охирин бахшоиши Халлоқи Ҷаббор аст [24, 92]
Ишқу муҳаббат ва самимияти шоир нисбат ба Ватан дар шеърҳояш зебо эҳсос шудааст. Муҳаббат ба мушти хоки ватан, ба ҷою ҷалоли аҷдодӣ, ки он ҷо ба дунё омада, шеваи роҳ рафтан омӯхтааст, аз қадим дар дили халқи мо сахт маскан гирифтааст. Ҳарчанд чархи каҷ рафтор, рӯзгори шум гузаштагону ҳамватанони моро дар ҷустуҷӯи бахти худ маҷбуран ҷилои ватан мегардонид, бо вуҷуди ин, онҳо худро аз ватани азиз ҷудо надониста, мушти хоки ватанро чун тӯшаи роҳ бо худ мебурданд, то ки дар ғарибӣ аз он бӯйи ватан гиранд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор