Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Як баргаки сабзам аз баҳори ту, Ватан,
Аз домани сабзи сабзазори ту, Ватан.
Ёбанд маро чу дӯстдори ту, Ватан,
Ҳақбачаи ҳақнигоҳдори ту, Ватан [14, 21]

Ашъори Ҳақназар Ғоиб, пеш аз ҳама, ҷанбаи тарбиявӣ дошта, дар он ифтихори миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, истиқлолхоҳӣ мағзу мояи зиёди эҷодиёти шоирро ташкил медиҳанд. Шоир бо шеъру адаб ва фарҳанги Аҷам тафохур намуда, худро вориси ин тамаддун шуморида, бо ифтихор мегӯяд:

Аё хуни поке ба шарёни ман,
Ватан, ҷону дил, Тоҷикистони ман.
Зи ҳастии ту ҳастиям ёфтам,
Шукӯҳи забардастиям ёфтам [ 19, 20 ].

Шоир миллату Ватани худро дар пайванд бо фарҳангу маънавиёти гузашта соҳиби тамаддуни оливу хушбахт ва саодатманд дидан мехоҳад. Дар ин замина вусъати андешаи шоир васеътар аз мафҳуми як миллат доман густурда, бо мафҳуми кулли инсоният мепайвандад.

Ватан, тоҷи бахти сари миллатам,
Сарири дилу минбари миллатам,
Сириштам зи обу гили поки ту,
Ватан–Модарам, Модари миллатам [19, 250].

Хушбахтии як миллат, тибқи андешаи шоир, дар якҷоягӣ бо тамоми инсоният имкони воқеӣ шудан дорад, аз ин сабаб ӯ дар атрофи ғаму андӯҳ ва муаммоҳои кулли олам андешида, худро масъули тамоми ҷаҳон ва фарзандони сайёра донистааст.

Ҳурмат ва эҳтироми зиёд ба шеър ва шахсияти Ҳақназар Ғоиб дар он зоҳир шудааст, ки қудрати шоирӣ, дар меҳвари эҷодиёташ қарор додани масъалаҳои қисмати азалӣ, тақдири таърихии Ватану миллат, ба сарнавишт ва зиндагии инсон вобаста мебошад. Вай ба тавассути ашъор баҳри худогоҳию худшиносии миллат ва бузургдошти мақоми инсон ҳамеша талош меварзад. Бо марҳамати Офаридгор симои дилкаш ва ҷаззоби шоир бо ашъори тару тоза, рӯҳафзою ҷонбахш, поку беолоиш ва мӯъҷизаосои ӯ тавъам афтида, маҳбубияти ӯро беш аз пеш дар дилу дидаи ворисони халқи тоҷик афзун менамояд.

Ҳақназар Ғоиб баробари замони худ қадам мегузорад, аз ҳавои қарни худ нафас мекашад, дарду ҷароҳатҳои замонашро дар дил эҳсос мекунад, бештар аз дигарон дард мекашад, бо ашъори баландғояву баландпоя ба ҷуз шахсият миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Лиризм яке аз хусусиятҳои барҷастаи назми ӯст. Назми шоир тадриҷан бо мундариҷаи бою баланди худ, вусъати доираи муҳокима ва амиқии фикр, бикрбаёнии мутафаккирона, суварнигории калом ва зебоию услуби ба худ хоси ҷозибадор пурра дар зумраи адабиёти пешқадам ворид мегардад.

пешина
аз 114
навбатӣ