Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Модар дар зиндагӣ ҳамеша ҳамқадами фарзанд аст ва доимо хушбахтии ӯро мехоҳад. Аз ин рӯ, донистани қадри падару модар, шод намудани хотираи онҳо, ҳурмат намуданашонро шарти аввалини ахлоқи инсонӣ меҳисобад:

Модарам, шоҳбайти дафтари ман,

Тоҷи давлат зи туст бар сари ман.

Бо ту бахти шараф насибам шуд,

Ҷой дар сина ёфт меҳри Ватан [10, 136].

Модар, ба фикри шоир, саршори меҳру вафост. Меҳру муҳаббат дар дили ҳар фард, муқаддам, ба фикри шоир, аз дили пурмеҳри модар сарчашма мегирад.

Оҳ модар,

Модари пурмеҳру пурармони ман,

Модари бо нону боимони ман.

Гушнаи дидор будӣ он қадар,

Ки набудат сер аз дидори ман [10, 141].

Ин хусусияти ашъори шоирро мо дар васфи модар, дар маҷмӯаи «Ҳақи шир» боз беҳтар эҳсос менамоем. Шеърҳои дар васфи модар навиштаи ӯ ошиқонаанд, зеро оташи муҳаббати ӯ нисбат ба Ватан, Модар, зиндагӣ аз қаъри дили ӯ аланга мезанад. Амсоли падару модари худ ба ҳама мардум ғамхору мушфиқ буданро раво мебинад. Ҳақназар Ғоиб дар маҷмӯаи «Ҳақи шир» сездаҳ рубоиро ба модар бахшида, муҳаббату садоқати ӯро ба фарзандон ифода менамояд:

Баъд аз шири поки модар ман,

Об хӯрдам зи чашмаҳои диёр.

Кардам эҳсос меҳри меҳани худ,

Аз кафи дастҳои обиладор [10, 10].

Мутафаккир ва файласуфи шаҳир Мир Саид Алии Ҳамадонӣ барои мақому мартабаи ва эҳтирому хидматгузорӣ ба падару модар гуфтааст: «некуйии ба падару модар фозилтар аз намозу рӯза ва ҳаҷи умра ва ғазо дар роҳи Худои азза ва ҷалла» [49, 83]. Ҳақназар Ғоиб ба ақидаи гузаштагони неруманд ҳамфикр шуда, Заминро ҳам гоҳ модари инсонҳо дониста ва дар навбати худ аз бераҳмии як қисм фарзандон нисбат ба модар меранҷад. Ӯ саволҳое низ ба миён мегузорад, ки фарзандони Замин чаро бародаркушӣ мекунанд? Чаро ба рехтани хуни ноҳақ даст мезананд? Чаро ба дили Модар – Замин санги ҷафо задаанд? Оё модарон фарзандонро барои ҷафои худ зодаанд? Ё фарзандон ҳасрату нолаи модарро намешунаванд? Модар – Ватан аз ҷафои кӣ менолад? Ва монанди инҳо. Шоир ниҳоят ба хулоса меояд, ки аз ҷафои фарзандони саркаш ба дард омада исён менамояд. Қаҳрамони лирикӣ дар баробари модари худ ғам хӯрда, азият кашида, модарро дар тарбияи фарзандони солеҳ даъват мекунад, эҳтиёҷ доштани фарзандонро ба Замин, Модар, Ватан, ҷаҳон ҳавола менамояд:

пешина
аз 114
навбатӣ