Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Дунёст гаҳе ҷоми зару гаҳ таште,

Гаҳ боғи хазон аст гаҳе гулгаште.

Гаҳ дашт биёбию наёбӣ аспе,

Гаҳ асп биёбию наёбӣ даште [10, 154].

Дар рубоии боло, ки дар вазни музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф навишта шудааст, калимаҳои «таште», «гулгаште» ва «даште» қофия буда, ҳарфи «ш» ридф, ҳарфи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «т» равии мутлақ, «е» васл мебошад. Дар ин се қофия тавҷеҳ такрор шуда, он бо равии мутлақ омадааст. Азбаски такрори тавҷеҳ дар қофия оҳангнокии шеърро зиёд мекунад, аксари шоирони гузашта ва имрӯзаи тоҷик дар мавриди қофияи мутлақ низ онро такрор кардаанд. Ҳақназар Ғоиб дар ритму оҳангнокии шеър низ ин нуқтаро дуруст ба назар гирифтааст. Чунончи:

Эй хонахудо ба мулку манзил, модар,

Аз нури Худо гирифта қандил, модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки туӣ
Аз баъди Худо бузург дар дил, модар [30, 113].

Қофия дар маснавӣ характери миллӣ дорад ва шоирони форсу тоҷик аз замонҳои қадим андешаҳои худро ду–ду баён карда, кӯшиш менамуданд, ки таносуби оҳанг дар ҳар ду мисраъ баробар омада ва маънии мукаммале дар он гунҷоиш ёбад [108, 128].

Устод Ҳақназар Ғоиб дар баробари истифодаи дигар навъҳои қофия ба қофияороӣ дар маснавӣ шеъру достонҳои зиёдеро пешкаши дӯстдорони адабиёт гардондааст. Зеро қофия дар маснавӣ пайванди маъниҳои ҷумлаҳои пайвастро қувват дода, ҳар кадом мисраъро ба сари худ мустақил месозад. Ба ин васила мазмуну маънӣ ва бозёфтҳои шоирона пай дар пай чида шуда, мисли ҳалқаҳои занҷир пайваста, шаддаҳои нави суханро меофарад. Беҳуда нест, ки донишмандон қофияро ба сангҳои қимматбаҳо ташбеҳ додаанд [102,с.130]. Тарзи қофиябандии маснавӣ аа, бб, вв, гг … буда, ҳар байти маснавӣ қофияи алоҳида дорад. Чунончи:

Баъди хизмат, хизмати поки Ватан,

Ҳафтае буд, ки будам дар деҳа ман…

Буд гӯё, ки фалак фармонбарам,

Чун нишон аз хизмати аълои ман [10, 190].

Қофия дар маснавии асрҳои миёна аз маҳбубтарин жанр ва савтиёти шеър маҳсуб мешуд. Дар адабиёти муосир низ чунин савтиёти сухани шоирона кам нестанд. Шоироне, ки ба ин навъи қофия шеър офаранд, яке Ҳақназар Ғоиб мебошад, дар маснавиҳои худ аз мазмунҳои тозаю мухталиф истифода карда, онро зиёдтар аз ҳама дар ифодаи панду насиҳат, ахлоқ, мазмунҳои нави сиёсию иҷтимоӣ, оҳангҳои фалсафӣ ба кор бурдааст. Маснавӣ аз манзума аз шеърҳои хурди сужавии лирикӣ ба жанри андешаҳои эпикӣ гузашт. Дар маснавиҳои эҷодкардаи устод Ҳақназар ҳам қофия ончунон аҳамият пайдо намуд, ки вай ҳамчун жанри фарогирандаи паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва мазмунҳои иҷтимоӣ имконоти нав ба нав зоҳир кардааст. Шамси Қайси Розӣ дар «Ал муъҷам» навиштааст, ки «сухани беқофияро шеър нашморанд, агарчи мавзун афтад» [113. 462].

пешина
аз 114
навбатӣ