Зеҳн
Хусусиятҳои ғоявию бадеии ашъори лирикии Ҳақназар Ғоиб

Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, 2021): ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявию бадеии ашъор, ҳунари нигорандагӣ, жанрҳо ва қофия.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 114 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар эҷодиёти Ҳақназар Ғоиб жанрҳои хурди лирикӣ нисбат ба дигар навъҳои жанрҳо бештар истифода шудааст. Қофияи маснавӣ як маншаи муҳимми оғоз ёфтани иддае аз жанрҳои хурди лирикӣ шуда, дар ғазал, рубоиву дубайтӣ матлаъ–оғозгоҳи жанр шудааст. Ҳамаи ин навъҳои шеър аз қофияи ҷуфт – АА сар мешаванд. Муаллиф бо ин байт пояи шеър ва баёни эҳсосотро устувор карда, баъд ба тафсилот, шарҳу эзоҳ ва такомули маънии асосӣ мегузарад ва ҳамин тавр, тартиби қофиябандӣ ҳам дигар шудан мегирад.

Қофияи тоқ ва якдармиён дар осори Ҳақназар Ғоиб ҳамчун анъана давом кардааст. Аксари жанрҳои суннатии ӯ қофияҳои тоқ доранд. Шоир дар қофияҳои тоқ ба системаи қофия ва қофияпардозӣ камтар диққат карда, андешаҳояш бештар ба маъниву мазмун банд аст, баъди ҳар мисраи озод мисраи дуюм қофиядор меояд [108, 131]. Мисол:

Эй фурӯғе аз ҷамоли офтоб,

Ликаке андар кафи паҳни замин.

Эй ки барафрӯхтӣ умри сафар,

Ҳамчу қандил дар яке саҳни замин! [10, 180]

Фоилотун, фоилотун, фоилун

Вазни ин байт рамали мусаддаси маҳзуф буда, калимаҳои «паҳни» ва «саҳни» қофияи онро ташкил медиҳанд. Ҷузвҳои «аҳни»-и ҳарду калимаи қофия решаи онанд, ки садоноки кӯтоҳи «а» – ҳазв, «ҳ» – қайд, «н» – равии мутлақ, «и» – хуруҷ мебошад. Мисраъҳои якум ва сеюми байтҳо аз қофия озод буда, мисраъҳои дуюм ва чорум ҳамқофияанд. Чунин навъи қофиябандиро қофияи тоқ меноманд.

Дар системаи қофиябандӣ намунаи якдармиён ягона намояд ҳам, ҳар кадоме аз онҳо дар композитсия ва ифодаву андеша, мазмуну мундариҷа то андозае аз ҳамдигар фарқ мекунанд [108, 13]. Аз ин ҷиҳат дар байни онҳо тафриқаҳои муайяне ҳаст. Масалан, ғазал дар баёни мазмунҳои васеъ нисбатан бо композитсияи лирикӣ рух намояд, рубоию дӯбайтӣ мазмунҳои хурдтари ишқию фалсафӣ дорад ва ин навъи жанрҳои хурдӣ лирикӣ дар маҷмӯаҳои Ҳақназар Ғоиб беш аз пеш зиёд ба назар мерасад. Мисол:

Лафзат хушу лаъли обдорат ҳама хуш,

Дар дида қадам бинеҳ, ки корат ҳама хуш.

Сабзинаию сабзхату сабзтанӣ,

Сарсабзии ҳусни беғуборат ҳама хуш [10, 103].

Дар ин рубоӣ шакли қофиябандии АА, БА, сурат гирифтааст. Асли рубоиву дубайтӣ аз чор мисраъ ё ду байт гирифта шудааст. Инчунин бештари рубоиҳои Ҳақназар Ғоиб дар шакли тавҷеҳ навишта шудаанд. Худи тавҷеҳ калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш ба сӯи чизе рӯ овардан, муроҷиат кардан аст. Ба маънои истилоҳӣ номи яке аз ҳаракаҳои қофияи муқайядро гӯянд. Тавҷеҳ садоноки кӯтоҳест (а, и, у), ки дар қофия пеш аз равии муқайяд меояд.

пешина
аз 114
навбатӣ