Зеҳн
ПАСТИВУ БАЛАНДИҲОИ ЗИНДАГӢ

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 13 саҳифа

Ҳикоя

ПЕШГУФТОР

Хонандаи гиромӣ, китобе, ки дар даст дорӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи собиқадори соҳаи маориф, яке аз шахсони баруманду шинохтаи шаҳру навоҳии Кӯлоб Абдураҳим Мирзоев буда, дар он аз рӯи ёддоштҳо, нақлу ҳикояҳои калонсолон ва бо истифодаи маводҳои зиёд аз мушкилиҳои даврони кӯдакӣ, наврасӣ, таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ ва гузаштагонаш ба фарзандону наздикон бо далелҳои зиёд қисса кардааст. Мутолиаи китоб инчунин Шуморо ба ҳаёти гузаштаю имрӯзаи Ватанӣ азизамон, мушкилиҳои аз сар гузаронидаи ҳазорҳо нафар кӯдакони давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди ҷангӣ ошно менамояд.

– Боварист, ки маводҳои пешкашатон гардида, нақлу ривоятҳо, ёддоштҳо ва порчаҳои шеърии шоирони гузаштаю муосир дар тарбияи насли наврасу ҷавонони диёр саҳми арзанда гузошта, касро ба андешаҳои дуродур мебарад. Китоб пандномаи арзандаест барои насли наврасу ҷавонон, баҳри худогоҳии миллӣ, ватандӯстию меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дарёфти роҳу равиши зиндагӣ.

Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар–ӯро ёр бод,

Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархӯрдор бод.

Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,

Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод…

(Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)

Абдурауф Ҳафизов

аз 13
навбатӣ