Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
ҚАЮМОВА ДИЛБАР ҒАФУРОВНА
ХУСУСИЯТҲОИ ЖАНРИЮ УСЛУБИИ ҲИКОЯ ВА ПОВЕСТҲОИ СОРБОН
Ихтисос: 10.01.01 – Адабиёти тоҷик
АВТОРЕФЕРАТИ диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ
Душанбе – 2018
Муқаддима
Аҳамияти омӯзиши мавзӯъ. Охири солҳои 50-ум ва ибтидои солҳои 60-уми асри XX дар қонунмандиҳои сохтору мундариҷа ва мазмуну муҳтавои насри муосири тоҷикӣ таҳаввулоти муҳим ба вуқӯъ пайваст. Анҷуманҳои ҳизбӣ, ҳамоишҳои адибон, суханрониҳои раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, таҳлилҳои нишонраси ӯ, нишон додани камбудиҳои нависандагон ва нақди адабӣ, ба мубоҳиса кашидани осори бадеию публисистии адибон Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва қаламкашони ҷавон, монанди Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Аъзам Сидқӣ, Мустафо Шарқӣ, Мутеулло Наҷмиддинов, Болта Ортиқов, Ҳабибулло Назаров ва дигарон боиси зуҳури дигаргунии чашмрас гардид.
Сорбон пури Ҳамроҳ (Облоқул Ҳамроев) аз шумори адибонест, ки маҳз бо эҳсоси тағйирпазирии муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии замони шӯравӣ ба майдони адабиёт ворид шуд. Ӯ бо таълифи ҳикояву повест ва романҳои ҷолибу пурарзиши худ дар доираҳои адабии замон маъруфият пайдо кард. Аз маълумоти адабиётшиносон бармеояд, ки ӯ то соли 2009 зиёда аз 140 ҳикоя, 15 қиссаи хурд, 11 повест, 5 роман, ёдномаву сафарномаҳо (10, 4) ва то соли 2016 ӯ 17 қиссаи хурд ва 11 роман таълиф намудааст (15, 14). Ин рақамҳо ба пуркории як нафар суханвари замони мо далолат мекунанд.
Дар замони шӯравӣ тарҷума шудани намунаи осори ӯ бо забонҳои гуногун дар ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Эстония, Литва, Қирғизистон, Ӯзбекистон гувоҳи он буд, ки ҳосили эҷодиёти ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ хонандаю мухлиси худро дорад.
Сорбон тасвиргари нотакрори олами андешаҳои инсон буда, дар офаридани симою характери қаҳрамонҳо, тадқиқи адабии таърихи халқ, мазмуну мавзӯоти гуногуни ҳаёт, тазоду бархурди наслҳо, ихтилофи ақидаҳо, ба зевари бадеият кашидани муҳити зиндагӣ, манзараҳои ҳастӣ, пайванди инсону табиат аз сабку услуб ва забони баёни хос истифода менамояд. Дар гуфтори ӯ садҳо калимаҳои нодир, таъбирҳои гӯшнавозу пурҳикмат, ибораҳои суфтаву рехта, зарбулмасалу мақол ва хушгӯию муомилоти зиёди мардуми тоҷик ба мушоҳида мерасанд. Мавзӯъҳо ва сужетҳои воқеан ҳаётии Сорбон таърихи наздик садсолаи мардуми моро таҷассум намуда, арзиши осори ин нависандаро собит менамояд ва тамоми масоили зикршуда зарурати пажӯҳиши ҳамаҷонибаи таълифоти ин нависандаро ба миён мегузорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор