Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дараҷаи омӯзиши мавзӯъ. Аз солҳои 60-ум то имрӯз перомуни осори Сорбон мақолаҳою тақризҳои адабиётшиносони тоҷик М.Шукуров, А.Сайфуллоев, Х.Шарифов, Ҷ.Бақозода, М. Раҷабов ва дигарон ба табъ расидаанд. Осори ӯ дар суҳбати мизи мудавваре, ки моҳи апрели соли 1973 дар маҷаллаи «Дружба народов» таҳти унвони «Масъалаҳои насри муосири тоҷик» доир гардида буд, дар радифи эҷодиёти нависандагони замон таҳлилу баррасӣ шуд, ки дар он Мирзо Турсунзода, Валентин Оскотский ва Муҳаммадҷон Шукуров андешаронӣ кардаанд (5).

Соли 1979 дар маҷлиси Шӯрои адабиёти тоҷик дар шаҳри Маскав маҷмӯаҳои повесту ҳикояҳои Сорбон «Занги аввал», Саттор Турсун «Камони Рустам», ки дар нашрияҳои марказии «Советский писатель», «Молодая гвардия» ба забони русӣ ба табъ расиданд, аз ҷониби А.М.Боршаговский, Д.М.Молдавский, Н.Н.Кладо, И.В.Денисова, Д.С.Комиссаров, Н.С.Евдокимов, И.С.Брагинский, Ш.Ниёзӣ, адибони тоҷик М.Қаноат, Ф.Муҳаммадиев, М.Шукуров, Р.Ҳодизода, Ю.Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун ва дигарон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мухтасари ин суҳбат дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (№6, 1980) интишор шуд.

Нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта дар заминаи имконоти маънавии фароҳамовардаи низоми бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ раванди озодандешии адибони тоҷик қувват гирифт. Нависандагону мунаққидон дар саҳифаҳои матбуоти замон перомуни фаъолиятҳои хеш бемамоният, дар баробари зикри муваффақиятҳо, изҳори назар менамуданд, нисбати ҳамдигар эрод мегирифтанд ва нуқсу заъфи андешаву гуфтор, забони баёну сабки навиштори ҳамдигарро танқид мекарданд. Ин навъи нақду таҳлилҳо бештар дар минбари баҳси маҷаллаи «Садои Шарқ», ки «Масъалаҳои насри муосир» ном дошт (солҳои 1987-1988) шадидтару ошкоротар гуфта мешуд. Мунаққидону нависандагон дар зимни таҳлилу баррасиҳои хеш борҳо ба шахсият ва эҷодиёти Сорбон ишораҳо намудаанд, ки, албатта, бархе аз онон ифодагари воқеии мақоми ҳунарии адиби мазкур ба шумор меомаданд.

Дар даврони истиқлолият низ дар тадқиқоти олимон, бахусус дар рисолаҳои илмии Н.Салимов, М.Хоҷаева, Ш.Солеҳов, З.Ӯлмасова ҷанбаҳои гуногуни осори Сорбон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

пешина
аз 24
навбатӣ