Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А.Сайфуллоев дар баробари зикри баъзе аз камбудиҳо ба кӯтоҳнависиву муъҷазбаёнии Сорбон дар қолаби ҳикоя баҳои муносиб дода, маҷмӯан перомуни усули нигориши ин жанри адабӣ мегӯяд: «бояд кӯшиш кард, ки кӯтоҳнависӣ ба мундариҷаи ғоявӣ, шакли бадеӣ, санъатҳои адабӣ ва забону услуби асар осебе нарасонад. Кӯтоҳбаёнӣ аз ҳисоби сужети муъҷаз, фикри бикр, образҳои барҷаста ва ибораҳои рехта ба вуҷуд меояд» (8, 3).

Аз андешаҳои Ҷӯра Бақозода бармеояд, ки Сорбон дар нигориши ҳикоя имконияти дохилии ин жанрро, ки дар мушаххасгӯӣ, баёни саргузашти хурд, нигориши як лаҳзаи ҳаёту тезу тунд ва пурмоҷарои қаҳрамон ифода меёбад, огоҳона ба назар гирифтааст (1). Сорбон дар андешамандӣ, нақли ровӣ ё руҷӯи лирикӣ танҳо ҳастии ҷисмонию рӯҳонии як қаҳрамонро не, балки ҳастии як халқро тасвир менамояд. Ин матлабро мӯҳтавои ҳикояҳои «Гулзамон», «Хоб», «Нақши рӯйи барф», «Рӯи харошида» ва ғайра ҳаматарафа ифода менамоянд.

Таҳлили ҳикояҳои Сорбон бозгӯи онанд, ки ӯ дар шарҳи бадеии ҳодисаҳо равиши хосро касб кардааст. Масалан, дар «Гулзамон» фоҷиаи ҷангро Сорбон на бо оҳу нола, ғиреву фарёд ва талошҳои муттасили қаҳрамонҳо, балки дар заминаи муколамаи персонажи асосӣ бо посбони мактаб ифода кардааст.

Дар ҳикояи «Бодбарак» персонажи марказӣ Маҷид ном кӯдакест, ки бо маҳрумиятҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Нависанда хаёлоту фикрҳои кӯдакро дар орзуи бодбарак доштани ӯ ифода менамояд.

Ҳикояи «Нақши рӯйи барф» аз ин навъи ҳикояҳост, ки нависанда ҳассостарин лаҳзаи умри инсонро барои қазоват ва худшиносӣ пешорӯи хонанда мегузорад. Аз муҳтавои он бармеояд, ки Азим ном ҷавонмарде аз дунё гузаштаасту аз ӯ зани ҷавон ва писарчае ёдгор мондаанд. Мардуми деҳа ва хешу ақрабо ҳамсари вай – Зуфунунро ба никоҳи бародари хурдӣ медароранд, вале ин издивоҷ зуд қатъ меёбад.

Сорбон дар тасвири садамаҳои иҷтимоӣ устоди касби худ аст. Мазмуну мундариҷа ва гардиши ҳодисоте, ки дар ҳикояи «Кӯзаи дӯғ» тасвир шудааст, ин матлабро дақиқ месозад. Ба назари мо, асари мазкур дар радифи намунаҳои беҳтарини ҳикояи адабиёти муосир қарор дорад, ки ахлоқи намояндагони чанд табақаи ҷомеаро дар худ ғунҷоиш медиҳад. Нависанда дунёи зани аз шавҳар зиндаҷудо, андешаҳо ва олами содаю маъсуми писараки шашсолаи ӯро бо камоли ҳунармандӣ рӯйи коғаз овардааст.

пешина
аз 24
навбатӣ