Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Дар марҳалаи кунунӣ роман ба жанри марказии эҷодиёти Сорбон табдил ёфтааст. Дар замони шӯравӣ танҳо ду романи нависанда «Актёр» (1981) ва «Зарафшон» (китоби 1, 1988) рӯйи коғаз омад. Китоби дуюми «Зарафшон» (1997), «Достони писари Худо» (китоби якуму дуюм 2000, 2006), «Кадевар» (2006), «Туғрал» (ҳамчун китоби сеюми «Зарафшон», 2007), «Росу» (2009), «Барзгар» (2014), «Шаҳрбону» (2015) маҳсули эҷодиёти адиб дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки нависандаи соҳибтаҷриба хостааст дар қолаби ин навъи муҳташами ҳамосавӣ воқеаву рӯйдодҳоеро, ки бо тақозои вақту замон ва сарнавишти одамон ба ҳам печида, як ҷузъи зиндагии халқро созмон додаанд, тасвир намояд. Нависанда ба масоиле, ки маъмулан меҳвари мавзӯоти роман ба шумор меравад, аз қабили таърих, ахлоқ, фалсафа ва ғайраро банду басти бадеӣ кардааст.
Асари дигаре, ки дар эҷодиёти Сорбон аз назари қонунияти жанрӣ аз ҳикояву повест ва роман тафовут дорад, асари ёддоштии «Лоиқнома» мебошад. Китоби мазкур ёдномаи нависанда оид ба устод Лоиқ Шералӣ буда, дар он роҷеъ ба дӯстию бародарии ду адиб сухан рафтааст. Дар «Лоиқнома»-и Сорбон суннатҳои ёддоштнависӣ идома ёфтаанд. «Лоиқнома» намунаи ҷолиби насри мустанад аст, ки дар он шеваи ғиноӣ низ роҳ ёфтааст.
Аз муҳтавои ин қисмати диссертатсия равшан мешавад, ки Сорбон дар жанрҳои маъмулу меҳварии ҷинси ҳамосавӣ, амсоли ҳикоя, повест, роман, инчунин жанри махсуси ёддошт санҷиши қалам намуда, муҳимтарин ҳодисаҳои дирӯзу имрӯзи таърихи халқу миллатро рӯйи коғаз меоварад.
Боби дуюми диссертатсия «Вижагиҳои мавзӯиву ғоявӣ ва жанрию сохтории осори Сорбон” номида шуда, шомили се фасл мебошад.
Фасли якуми он ба вежагиҳои жанрию сохтории ҳикоя ва повестҳои Сорбон бахшида шудааст. Ин бахш аз таҳлили ҳамаҷонибаи ҳикояҳои Сорбон шурӯъ шуда, дар он баҳои адабиётшиносон нисбат ба ин жанри марказии эҷодиёти вай ба мабоҳиси илмӣ кашида шудаанд. Ҳикояҳо аз рӯи таснифоти мавзӯӣ ва поэтикие, ки дар фасли сеюми боби аввал анҷом ёфтаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор