Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Вижагии дигари қиссаҳои Сорбонро дар нерӯмандию иштироки фаъолу фарогири занон метавон дарёфт. Инро симои Ашӯра дар «Санги сипар», Шаҳбону дар «Буд, набуд...» Чинӣ дар «Ҷӯгӣ», Сангиной дар «Дашти морон» ва амсоли инҳо собит карда метавонанд. Образҳои ёдшуда аз ҳаёти мардуми кӯҳистон гирифта шудаанд.
Сорбон дар повести «Буд, набуд» ба бозгӯии бадеии таърихи ибтидои қарни XX пардохтааст. Босмачиён, илова бар он ки молу чорвои мардум, ҳосили зироат, боигарию сарвати халқро зӯран аз он худ мекарданд, инчунин духтарону бонувони зеборо низ маҷбуран ба никоҳи худ медароварданд. Повести «Сабо» аз сарнавишти духтаре ҳикоят мекунад, ки ба сабаби фавти модар зери шиканҷаи модарандар қарор мегирад. Гурехтан ва дар ҳавлии падар пинҳон шудани ӯ аз далерию қаҳрамонии духтарони кӯҳистон шаҳодат медиҳад.
Повести «Шинели падар» бозгӯи аҳволи мардумест, ки дар ақибгоҳи ҷанг зиндагӣ карда, бо қадру тавони худ шабу рӯз заҳмат мекашанд. Ихтилофу зиддиятҳои сужети асар асосан дар муомилаю муносибати Шайдои аз ҷанг баргашта ва раиси ҷамоат Абдул зоҳир мегардад. Сорбон дар монологҳои ботинии Шайдо ва ҳамсари вай Соро ранҷи рӯҳонии инсонҳои покзамирро бо камоли ҳунармандӣ қаламкашӣ менамояд. Дар повест шинел ва телпаки ҷавонони аз ҷангбаргашта ҳамчун рамзи тавоноӣ ва рӯҳи шикастнопазир тасвир шудаанд.
Сорбон дар повести «Ҷӯгӣ» образи Чинӣ ва шавҳари ӯро хеле барҷаста нишон дода, ҳамаи хислатҳои ҷӯгиҳои Осиёи Миёнаро ва расму оини онҳоро дар мисоли ин ду нафар ба қалам овардааст.
Яке аз повестҳои Сорбон, ки ба мавзӯи рӯз навишта шуда, фарогири сифатҳои манфии як тоифа одамони солҳои 80-уми асри гузашта мебошад, «Чархи эҳтиётӣ» ном дорад. Чархи эҳтиётии мошин, ки Истадхон ном корманди савдо аз пулҳои коғазии гаронарзиш пур кардааст ба сурати буте тасвир шудааст.Повести «Чархи эҳтиётӣ» бозгӯи вазъи хароби иҷтимоию маънавии солҳои охири ҳукумати шӯравист.
«Дашти морон» аз марғубтарин повестҳои Сорбон буда, аз назари мундариҷа, сужет, қонунияти устухонбандӣ ва санъати образофаринӣ аз вижагии хос бархурдор аст. Қариб тамоми образҳои асар манфӣ мебошанд ва кирдори нодурусту маҳалли вуқӯи ҳодисаҳо низ ғайримуқаррарист. Персонажҳои асар табиати басо мураккаб доранд. Сорбон тавассути «Дашти морон» барҷастатарин образи гурезаро дар насри муосири тоҷик офаридааст. Устурапардозии хос, банду басти мувофиқ, тасвири ҳолати инсон дар вазъи фавқулъода бо камоли устодӣ қаламкашӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор