Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Повести «Қумрӣ» ба мавзӯи кишту кору деҳқонӣ бахшида шуда бошад ҳам, дар меҳвари тасвироти бадеии он сарнавишти занон - Қумрӣ, модари ӯ Садафмоҳ, хоҳараш Тӯтӣ, аммааш Санам, палонҷҳои модараш Салимаю Ҳурбибӣ ва дигарон қарор дорад.

Аз тадқиқи повестҳои Сорбон бармеояд, ки онҳо дар баробари бо забони рангину ғаноманд таълиф гардидан, фарогири муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи рӯзгори мардуми Тоҷикистон, ифодагари олами андешаҳо, тахайюлот, мақсади одамон ва мушкилоту муаммоҳои мухталифи ҳастӣ мебошанд. Нависанда ба урфу таомул, маросимҳо, хурофот ва ҷузъиёти воқеаҳои таърихӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст.

Дар фасли дуюми боб масъалаи характер ва тасвири олами ботинии қаҳрамон баррасӣ шудааст. Тадқиқи мавзӯъ нишон дод, ки Сорбон дар офаридани характери қаҳрамон маҳорати хос дорад. Ҳақ ба ҷониби М.Шукуров аст, ки нависанда дар повестҳои «Санги сипар» ва «Ҷӯгӣ» ба офаридани «шахсияти иқтидорманд», «шахсияти қавӣ», «характери зӯрманд» тавфиқ ёфтааст ва онҳо дар «шароити ғайриодӣ» тасвир шудаанд (4, 131).

Муҳаққиқон А.М.Боршаковский «характерҳои хеле ҷозиб ва фасеҳу серрангубор»-ро дар повести «Ҷӯгӣ» (4, 135) ва Н.Н.Кладо «характери халқӣ»-ро дар повести «Санги сипар» таъкид кардаанд (4, 137).

Маълум мешавад, ки нависанда заминаи ташаккули характерро хеле мукаммалу боваринок офаридааст.

Шоистаи таъкид аст, ки Сорбон ҳангоми тасвири симоҳои барҷастаи асарҳои худ моҳияти табиии характери онҳоро нигоҳ медорад. Адиб дуруст дарк менамояд, ки омилҳои объективии ташаккули характер, пеш аз ҳама, сохти ҷомеа, баромади иҷтимоӣ, мафкураи ҷамъият, анъанаҳои таърихӣ, табиат ва муҳити ҷуғрофӣ ба шумор мераванд.

Сорбон барои тасвири ҷаҳони ботинии қаҳрамонҳо моҳияти авзои замон ва муҳитро низ ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, дар бештари ҳолатҳо ҷӯшиши дарунии персонажҳо, фикру мулоҳизаҳо, хаёлоту орзуҳои онҳо вобаста ба замону макон ва муҳит рӯйи коғаз оварда мешавад. Адиб дар бештари ҳолатҳо тасвири олами ботинии қаҳрамонро аз тафсилоти воқеаҳо болотар мегузорад ва дар заминаи пайванди ҳолату ҳодиса, манзара ва рӯҳияи қаҳрамон ҷунбишҳои амиқу талотумҳои дарунии инсонҳоро маънидод месозад.

пешина
аз 24
навбатӣ