Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Тадқиқот равшан сохт, ки Сорбон дорои маҳорати баланди манзаранигорӣ ва чеҳраофарӣ мебошад. Манзараҳои офаридаи ӯ на танҳо табиату муҳит, балки лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро низ ифода менамоянд.Нависанда гоҳо дар заминаи манзараҳои гуногуни ҳаётӣ саъй менамояд, ки хатти сужетро тағйир диҳад, ҳодисаҳоро ба ҳам пайвандад ва ё бархурди минбаъдаи персонажҳоро нишон диҳад.
Сорбон барои офаридани симои қаҳрамон аз мавқеи хаёл, афсона, манзара, ҷузъиёти характер, маҳаллу манзили зист, авзои иҷтимоӣ ва дигар омилҳо нодиракорона истифода менамояд.Нависанда чеҳраҳои қаҳрамонҳои худро воқеӣ меофарад.
Дар адабиёти бадеӣ унсурҳои композитсионӣ барои пайвастани риштаҳои воқеаҳо ва таҳаввули сужети асар хидмат менамоянд. Сорбон низ ҳангоми тасвири қиёфаи қаҳрамонон кӯшиш менамояд, ки зоҳири онҳоро ба масъалаҳои меҳварии тасвиршаванда пайванд диҳад.
Сорбон ба рамзпардозӣ низ рағбат дорад. Ҳамин сифат дар санъати манзараофарӣ, чеҳранигорӣ, гуфтору муколамаи персонажҳои ӯ равшан эҳсос мешавад.
Ба назари мо, муҳимтарин вижагии санъати чеҳраофаринии Сорбон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ҳамеша мавқеи авсофу атвори қаҳрамонро бо замони судури воқеа мувофиқу муносиб ба кор мебарад. Ҳамеша нишонаҳои сифатии қаҳрамонҳо мувофиқ ба синну сол, ҷинс, касб, майлу хоҳиш, рағбат, мақоми иҷтимоӣ, характер ва дигар омилҳо офарида мешаванд.
Дар осори Сорбон аносири дигари устухонбандии асари бадеӣ, мисли интерйер, диалог, монолог, одату анъанаҳои муҳити тасвиршаванда ба таври фаровон ба чашм мерасанд. Аён гардид, ки дар асарҳои Сорбон оид ба оҳангарӣ, чархгарӣ, корҳои вобаста ба осиёбу ҷувозкашӣ, сайду шикор, тарзҳои хуби хирманкӯбӣ, бозиҳои қадимии маъруф дар кӯҳистон, чун бодбаракбозӣ, гӯштингирӣ, бузкашӣ ва дигар аносири фарҳанги иҷтимоию маънавии мардуми тоҷик маълумоти ҷолиб ғунҷоиш ёфтаанд, ки қимати илмию таърихии осори нависандаро баланд мебардоранд.
Дар хулосаи диссертатсия нуктаҳои зерин зикр мешаванд:
- Сорбон аз шумори адибонест, ки дар охири солҳои 50-уми асри XX – замони дигаргуниҳои сифатии адабиёти шӯравӣ ба майдони адабиёт омада, дар канори истиқбол аз навовариҳои мактаби адабии замон, худ низ барои таҳаввули насри тоҷик кӯшиш намудааст. Ӯ ҳамчун намояндаи ҷараёни адабии давр падидаҳои эҷодию ҳунарии насри бадеиро, ки бо зуҳури насри андеша, насри психологӣ, нерӯмандии ҷанбаи ғиноӣ дар осори мансур, ба масъалаи асосии тасвири бадеӣ табдил ёфтани таҳқиқи бадеии характери қаҳрамон, тадқиқу бозтоби бадеии таърихи халқи тоҷик, ахлоқи иҷтимоии ҳамзамонон, тасвири арзишҳои таърихию иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои дигар иртибот дошт, огоҳона пазируфт ва барои такомули он эҳтимом варзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор