Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамчунин нависанда воситаҳои тасвири бадеии зиёдеро барои пуробуранг гардонидани забони асарҳояш ба таври матлубу дилхоҳ ба кор бурдааст. Ташбеҳу тамсил, ташхис, саҷъ, таҷнис, муболиғат, сифатчинӣ ва дигар санъатҳои бадеӣ мӯҷиби фасоҳату балоғати гуфтори суханвар шудаанд.

  1. Дар маркази як қисми умдаи ҳикояву повестҳои Сорбон шахсияти муаллиф ҷой гирифтааст, аз забони ӯ тамоми ҳодисаҳо тасвир мешавад. Ҳолат, ашё, васоити тасвир, ҷузъиёти муҳит вобаста ба ҳофизаи фардии муаллиф, хотираву саргузашти худи ӯ интихоб мегарданд. Ноқил худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳо ва рӯзгори қаҳрамонон буда, заррабинона тамоми ҷузъиёти замону маконро дар тарозуи бадеият ва ҳунар бармекашад.

  2. Сорбон дар асарҳояш гоҳе ба хотири таъкиди ғояи бадеии худ ба афсонаю ривоят ва устура рӯй меоварад. Майлу рағбати нависанда ба рамзгароӣ ва хаёлпардозӣ на танҳо аносири сабксози ҳунари нависандагӣ, балки намоёнгари пайванди инсон бо устураву афсона низ мебошад. Лаҳзаҳову саҳнаҳои афсонаомез ҷиҳати санҷишу озмоиши рӯҳияи қаҳрамонҳо ба намоиш меоянд.

  3. Дар осори Сорбон руҷӯъҳои лирикӣ, манзараву чеҳраи персонажҳо, гуфтугӯҳо, монологҳои ботинӣ барои пайванди воқеаҳо, тазоҳури зиддият, омода сохтани хонанда барои пазироии образи тоза, амалиёт ва хислату характери қаҳрамонон ба кор рафтаанд.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Бақозода, Ҷӯра. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ дар насри тоҷик. /Ҷ.Бақозода – Душанбе: Ирфон, 1982. – 144 с.

  2. Ғаффоров Р. Нависанда ва замон./ Ғаффоров Р. – Душанбе, Ирфон, 1977. – 208 с.

  3. Икромӣ Ҷалол. Насиҳат ба рафиқи ҷавонам. //Тоҷикистони советӣ. №49 (14827). 27.02.1975. –С.4

  4. Қаҳрамони замон ва инкишофи наср: Мулоҳизаҳои нависандагону мунаққидони тоҷику рус М.Шукуров, А.М.Боршаговский, Д.М.Молдавский, Н.Н.Кладо, И.В.Денисова, И.С.Брагинский, Д.С.Комиссаров, Н.С.Евдокимов, Ф.Муҳаммадиев, М.Қаноат. //Садои Шарқ. №6. 1980. – С. 130-146.

  5. Масъалаҳои насри муосир: Мулоҳизаҳои М.Турсунзода, Я.Бриля, Ҷ.Икромӣ, И.Брагинский, Н.Евдокимов, Р.Ҳодизода, В.Оскотский, А.Сайфуллоев, А.Битов, Ф.Ниёзӣ, М.Муллоҷонов, Ю.Суровтсев, М.Шукуров //Садои Шарқ. №1. 1973. – С. 109-138.

пешина
аз 24
навбатӣ