Зеҳн
Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.

Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  1. Ҳикояҳои Сорбон ифодагари сарнавишти қаҳрамонони дорои рӯҳияву мафкураи гуногун буда, дар мағзи онҳо ҳодисаҳои таърихӣ, гузаштаи наздик, ҳолату кайфияти мардум, анъанаву маросимҳо ва дигар падидаҳо тасвир ёфтаанд. Дар ҳикояҳо ишқу муҳаббат, орзупарварӣ, ба оянда умед бастани одамон, таманнои висоли ҳамдигар кардани дилдодагон, раҳоӣ аз вартаи душвори иҷтимоӣ, тоб овардан ба меҳнати сангини кӯҳистон, садоқату адолат ва дигар масоил бозтоб гардидаанд.

  2. Нависанда ҳам дар ҳикояҳо ва ҳам дар повестҳояш ба тақдири персонажҳо назари таҳлилӣ дорад, психологияю фалсафаи ҳоким дар зеҳну хотираи онҳоро дарк менамояд, омодагию тобоварӣ ва муқобилияту пойдории одамонро нисбат ба монеаҳои ҳаёт, низою садамаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқию маънавӣ басо равшан рӯйи коғаз меоварад.

  3. Сорбон дар нигориши характери қаҳрамони бадеӣ маҳорату салиқаи хос дорад. Нависанда тинат ва нерӯи ҷисмонию маънавии персонажҳоро асосан дар монологҳои ботинӣ, румузфаҳмию худтаҳлилкунии қаҳрамонон ифода кардааст. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони дар осори адиб тасвиршаванда низ вобаста ба замон ва имкониятҳову маҳдудиятҳои он андешаманд, ботаҳаммулу бурдбор, нуктасанҷу фардонигар мебошанд.

  4. Рӯҳи замон ва ҳофизаи таърихӣ дар ҳикояҳову повестҳо ба солу моҳи дақиқ ва тақвими муайян пайванд надоранд. Хонанда аз талотумҳои замону макон, бархӯрду мусодимаҳо, гирудорҳои одамон ва мазмуни ҳодисаҳои маълуми аср дармеёбад, ки кай чунин ҳаводис рух дода, ба шуури халқ таъсиргузор будаанд.

Зимнан нависанда бо ёдоварӣ аз қиссаву ҳикоят, зиндагиномаю лаҳзаҳои ибратомӯзи бузургон ҳофизаи таърихиро ворид ба замони нав карда, бо ин роҳ муосиронро ба худшиносию худогоҳӣ ва маърифати зуҳуроти мухталифи иҷтимоӣ ҷалб менамояд.

  1. Забони баёни Сорбон хеле шево, пурҷозиба ва рангин аст. Дар ҳикояву повестҳои ӯ зарбулмасалу мақол, таъбиру таркибҳо, ибораҳои рехта, панду андарзҳо ва дигар унсурҳои забонӣ фаровон ба кор рафтаанд. Насри Сорбон махзани вожагони нодир аст, ки, мутаассифона, бо гузашти вақт чанде аз онҳо аз истеъмол мондаанд.
пешина
аз 24
навбатӣ