Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Таҳқиқи осори Сорбон аз дидгоҳи суханшиносон бо назардошти ду даврони зиндагонии адиб – замони шӯравӣ ва даврони соҳибихтиёрӣ сурат гирифтааст. Вале ба таври куллӣ равшан мегардад, ки афкори адабиву эстетикии мунаққидони тоҷик доир ба эҷодиёти Сорбон бештар дар заминаи осори дар замони шӯравӣ навиштаи адиб матраҳ гардидааст. Ҳамчунин бархе аз тадқиқоти хоси адабиётшиносии тоҷикӣ дар замони шӯравӣ сурат гирифта, аз ҷониби муаллифону муҳаққиқон баъди соҳибистиқлолӣ ба сурати диссертатсияҳои алоҳидаи илмӣ интишор гардиданд.
Муҳаммадҷон Шукуров, Худоӣ Шарифов, Атахон Сайфуллоев, Абдухолиқ Набиев, Носирҷон Салимов, Матлуба Хоҷаева, Маъруф Раҷабов, Кароматуллоҳи Шукруллоҳӣ, Шамсиддин Солеҳов, Замира Ӯлмасова ва дигарон дар китобу мақолаҳои хеш ба тадқиқи ҷанбаҳои гуногуни осори Сорбон пардохтаанд.Ба эҷодиёти Сорбон нависандагон низ баҳо додаанд.
Аввалин мунаққиди Сорбон нависандаи машҳури тоҷик Ҷалол Икромӣ буд. Ин адиб доир ба ҳикояи ӯ «Хокистари ишқ» (1966) мулоҳизаҳои худро баён дошт ва дертар дар мақолаи «Насиҳат ба рафиқи ҷавонам»(1975) такомули истеъдоди Сорбонро мушоҳида намуда, ӯро «аз нависандагони ҷавони сермаҳсул ва умедбахш» номид (3, 4).
Аз маводи нақди адабии марбут ба Сорбон ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки адабиётшиносии тоҷик ҳамеша ҳамқадами адиб буда, дар муаррифию баҳогузории осор ва камолоти ҳунарии ӯ нақши намоён дорад. Муҳим он аст, ки ҳама гуна падидаҳои марбут ба насри Сорбон аз назари адабиётшиносоне, ки ҷанбаҳои гуногуни ҷараёни адабии даврро баррасӣ кардаанд, берун намондааст. Рӯйи коғаз омадани диссертатсияи ҷудогонаи илмӣ, мақолаҳову тақризҳо ва баҳсу мунозираҳо дар саҳифаҳои матбуот далолат ба он менамоянд, ки Сорбон воқеан чеҳраи равшани адабӣ буда, ҳамеша талош бар он дорад, ки баробари коркарду такмили забони нигориш, офаридани қаҳрамонҳои барҷаста, корбасти забони зиндаи халқ ҳамроҳ бо унсурҳои нодири луғавӣ, ташреҳи сужетҳои шомили ҳодисаҳои ҷолибу рангин, инчунин нависандаи соҳибсабк будани хешро аён созад.
Фасли сеюми диссертатсия “Таснифи анвои адабии осори Сорбон» ном гирифтааст.Дар ин бахши таҳқиқот таркиби эҷодиёти Сорбон, ки аз ҳикоя, повест, роман ва осори публисистӣ иборат аст, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Бино ба таъкиди Абдунабӣ Сатторзода, «Сорбон 5 сол машқи ҳикоя, 11 сол машқи повест ва 10 сол машқи роман кардааст» (10, 15).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор