Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон

Автореферати диссертатсия барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои филологӣ (Душанбе, 2018): ташаккули шахсияти эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон, вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои ӯ, забон ва сабки нигориш.
Агенти Зеҳнӣ · 15 ноябри 2026 · 24 саҳифа
Пажӯҳишҳои анҷомёфта дар диссертатсия собит сохт, ки жанрҳои марказии мероси маънавии ин суханварро чанд омил ба ҳамдигар умумият ва тамомият мебахшанд:
1.Макону замони вуқӯи ҳодисаҳо.
2.Шабоҳати сужетҳо, мотивҳо, лаҳзаҳо, мисли рақобати шадиду фавқулодда, зуҳури фоҷиа дар сарнавишти қаҳрамон, ғалаба баъди шикаст, садамаҳо, ҳодисаҳои нангин, пайванди воқеот бо сарнавишту тақдири нобасомон.
3.Ягонагии нишонаҳои зоҳирии сохтор ва банду баст (устухонбандӣ)-и ҳикоя, повест ва романҳо.
4.Ифодагари ҷаҳонбинӣ ва зеҳну рӯҳияи мардуми Тоҷикистон будани мундариҷа ва муҳтавои асарҳо.
5.Ғунҷоиш ёфтани анъанаю маросим ва унсурҳои этнографии мардуми кӯҳистон.
6.Ҷузъи таркибию мантиқии таърихи гузашта ва нави тоҷикон маҳсуб шудани асарҳо.
7.Маҳфуз мондани аносири нодири луғавӣ, сарфӣ ва наҳвии забони тоҷикӣ дар дарунмояи осор.
8.Ботиннигарӣ ва майл ба тасвири олами дарунии қаҳрамонон – намояндагони табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ.
9.Ҷасорати адабӣ дар интихоби мавзӯъ, тасвири нафрату муҳаббати халқ нисбат ба падидаҳои номатлуби иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳар давраи таърихӣ.
10.Бетааллуқӣ ва ошкоргӯӣ дар баёни ҳолатҳо, хоҳишҳо, ғаризаю ғаразҳои инсонӣ.
Ҳамин даҳ аломатеро, ки аз тарҳу муҳтавои эҷодиёти ин нависанда дарёфтем, ба унвони қонуниятҳои хоси сабку услуб ва равияи нигорандагии Сорбон пазируфта шудаанд, ки баробари такмили истеъдод аз сарҳадди ҳикоя то романи муҳташам тавсеа пайдо кардаанд. Ба таъбири дигар, шартҳои мазкур ҳамеша дар марҳалаҳои гуногуни ҳаёти эҷодии Сорбон маҳфуз ва қоим мондаанд.
Дар диссертатсия вижагиҳои ҳикоёт Сорбон аз чанд ҷиҳат муайян гардидааст. Аз рӯи мавзӯъ ва мазмун ва мундариҷа ҳикояҳои Сорбонро ба навъҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:1. Ҳикояҳои психологӣ.2. Ҳикояҳои иҷтимоӣ – маишӣ.3. Ҳикояи ахлоқӣ.4. Ҳикояҳои ишқӣ.5. Ҳикояҳои тамсилӣ.6. Ҳикояҳои ёддоштӣ, ки аз руҷӯъҳои публитсистӣ саршоранд.7.Ҳикояҳое, ки дар сарҳадди новелла қарор доранд.
Аз назари тафсилоти воқеа, тарзи баён ва сабки нигориш ҳикоёти ин нависандаро ба тариқи зайл гурӯҳбандӣ метавон кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор