Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз Ҷомӣ:
Тавба зи май кардаму омад баҳор,
Соқии тавбашиканам орзуст.16
Аз Рӯдакӣ:
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.17

Ба навбаҳорон бистой абри гирёнро,
Ки аз гиристани ӯст ин замин хандон.18
Аз Ҷомӣ:
Хандаи ғунча бувад вақти гул аз гиряи абр,
Гиряи ман нигар, эй ғунчаи сероб, биханд.19
Аз Рӯдакӣ:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон!
Бад-он ошкорат бибин ошкор,
Ниҳонӣ-тро бар ниҳонӣ гумор!20
Аз Ҷомӣ:
Шавад чашми дилат равшан бад-он нур,
Намонад сирри ҷонон бар ту мастур.21
Аз Рӯдакӣ:
Дурусту рост кунод ин масал Худой варо:
Агар бибаст яке дар, ҳазор бикшод.22


Эзид ҳаргиз даре набандад бар ту,
То сад дигар ба беҳтаре накушояд.23
Аз Ҷомӣ:
Зи сад дар гар умедат барнаёяд,
Ба навмедӣ ҷигар хурдан нашояд.
Даре дигар бибояд зад, ки ногоҳ
Аз он дар сӯи мақсад оварӣ роҳ.24
Аз Рӯдакӣ:
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое,
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?25
Аз Ҷомӣ:
Зи гармӣ нарм агар натвонадаш кард,
Чӣ ҳосил з-он ки кӯбад оҳани сард?26

Маълум аст, ки ағлаби «тасвирҳои шеърӣ дар шеъри замони Сомониён, алалхусус Рӯдакӣ, таҷрибӣ аст ва ҷанбаи ибтикорӣ доранд, зеро бисёре аз онҳо аввалин бор дар шеър худро намоён месозанд, қарордодӣ, омӯзишӣ нестанд, камтар бозсозӣ шудаанд, аксар ҳиссианд ва ба муҳити зиндагӣ ва табиат мустақиман алоқа доранд. Ба каломи дигар, шоирони ин рӯзгор бисёре аз хаёлоти шоиронаро нахустин шуда дохили шеър кардаанд, ки дар адвори минбаъда такомул дидаву бозсозӣ шудаанд ва бо гунаҳои мухталиф ба ҳаёти худ идома додаанд. Мисли ин ташбеҳи ҳуруфӣ, ки дар адабиёти мо бори аввал дар шеъри Рӯдакӣ ба намоиш гузошта шудааст:

Зулфи туро ҷим кӣ кард? –Он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он ҷим кард.
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ, касе
Донагаке нор ба ду ним кард».27

Ин ташбеҳи ҳуруфиро, ки аз осори Рӯдакӣ шурӯъ мешавад, дар шеъри шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ва гӯяндагони пасин, мисли Маъруфии Балхӣ, Фаррухӣ, Адиб Собир, Низомӣ ва дигарон мушоҳида ва мулоҳиза менамоем. Ҷомӣ ҳам дар асри XV аз ин ташбеҳ суд ҷустааст ва ба суханаш «обу рангу холу хат» илқо намудааст:

пешина
аз 86
навбатӣ