Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Турраи унвони ҷамоли ту чу ҷим афтодаст,
Даҳани тангат аз он чашмаи мим афтодаст.
З-он қаду зулф, ки гӯйӣ, алифу ломи ваянд,
Ломалифвор дили хаста дуним афтодаст.28
Мусаллам аст, ки қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рӯдакӣ қадимтарин қасидаи шиквоӣ ва ҳасбиҳолист, ки шоир дар он аз пирии худ шиква менамояд ва бо ҳасрату дард мӯя мекунад, зеро, ба қавли Ғуломҳусайни Юсуфӣ, «пирӣ сарнавишти мусаллами ҳамагон аст ва ҳар кас дар сурати расидан ба ин марҳала аз умр ногузир, бинобар зарбулмасали ингилисӣ, бо ин «ҳамсафари бад» ҳамроҳ мешавад ва шеър дар ӯ асари хосс тавонад дошт… Дар ҳар ҳол, аз ин таҷрибаи умумӣ бисёр касон, аз ҷумла шоирони форсизабон, сухан гуфтаанд, аммо дар ин миён Рӯдакӣ дар дарозои дерандаи қарнҳо аз кӯҳантарин сарояндагони пирист».29 Дар ҳақиқат, Рӯдакӣ аз аввалин сарояндагони қасидаи пирӣ мебошад. Аз ин хотир, шоироне, ки дар ин мавзӯъ шеър гуфтаанд, ба ин қасидаи маъруфи Рӯдакӣ муроҷиат кардаанд ва аз он ба сифати сармашқ суд ҷустаанд. Ҷомӣ низ дар гуфтани ин навъи шеърӣ қувваозмоӣ ва мубодарат намудааст. Чунончи, «Қасидаи шайбия»-и ӯ дар ҳамин мавзӯъ эҷод шудааст. Вақте ки мо онро мехонем:
Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам
В-аз дарахт ҳамин меваи ғам аст барам…
Ду чашм кардам аз шишаи фаранг чаҳор,
Ҳанӯз бас набувад дар тиловати суварам…
Фишондам чу гуҳар ҳарфро зи махраҷи он,
Чу буд сию ду гавҳар ниҳон ба ҳуққа-дарам.
Гуҳарфишониям имрӯз мушкил аст, ки дод
Ҷафои чарх ба тороҷ ҳуққаи гуҳарам…
Хамида гашт қадам ҳамчу «лом», то чу «алиф»
Асо нагирам, суст аст пои раҳсипарам…
Аҷузаест ҷаҳон сеҳрсозу афсунагар,
Ки сохт сеҳри вай аз сирри кор кӯру карам…
Чу теғи тӯҳмату тири ҷафо расад зи ҳасуд,
Бас аст тарки худӣ худу нестӣ сипарам…
Шуд аз ҳақоиқи ирфон дилам хизонаи роз,
Газофи фалсафиён кай ба ним фулс харам?..
Ба баҳри шеър агар фикри ман шавад ғаввос,
Баҳои як гуҳар ояд хироҷи баҳру барам.
Ба боғи наср агар килки ман кунад ҷунбиш,
Зи нахли хуш диҳад бор меваҳои тарам…
Вале чӣ суд, ки дар коми завқи тирадилон
Ҳамеша чошнии талх медиҳад самарам…,30
хоҳ-нохоҳ, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рӯдакӣ фароёди мо меояд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор